Эшони Нуриддинҷон: Мусалмонеро набояд “ту” хитоб кард, агар нороҳат шавад
Эшони Нуриддинҷон, руҳонии маъруфи тоҷик гуфтааст, агар “ту” гуфтани шахс сабаби нороҳатии ӯ шавад, мусалмон бояд аз “ту” гуфтани бародари худ худдорӣ кунад.
Ин руҳонии тоҷик дар посух ба пурсиши як корбари сомонаи хонаводагияшон -- “Тураҷон” дар ин мавзӯъ суҳбат кардааст. Ин корбар пурсида, ки оё гуфтани “ту” барои мусалмон ҷоиз аст ё на? Эшони Нуриддинҷон таъкид карда, ин масъала вобаста ба урфу одат буда, агар шахс аз гуфтани “ту” нороҳат нашавад, чунин хитоб карданаш ҷоиз аст: “Агар дар урфу одати қавме “ту” гуфтани шахсе сабаби нороҳатии ӯ мешуда бошад, пас набояд мусалмон бародари худро “ту” гуфта хитоб кунад, хусусан агар калонсол бошад. Зеро дини Ислом озор додани мусалмонро иҷоза намедиҳад. Аммо агар шахсе аз “ту” гуфтан нороҳат намешуда бошад, пас боке надорад, ӯро “ту” гуфта хитоб кунед”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |