Шарики додарарӯси Президент ба 3 соли зиндон маҳкум шуд
Додгоҳи вилояти Хатлон Бурҳон Абдуллоев, яке аз саҳмдорони бозори “Ином”-и Шаҳритӯсро барои тайёрӣ ба ҷиноят ва қасди сӯзондани бозор ба 3 соли зиндон маҳкум кард. Дар ин бора ба “Озодагон” Ином Абдуллоев, писари Бурҳон Абдуллоев хабар дода, афзуд, аллакай вакили дифоъ аз болои ин қарори додгоҳ шикояти кассатсионӣ хоҳад бурд.
Ҳимоятгари Абдуллоев иддао дорад, ки додгоҳ тамоми далелҳои бегуноҳии зерҳимояашро нодида гирифтааст. Ба иттилои манбаъ Ҳошимҷон Ризвонов, ки ба иттилои мақомот бояд бо дастури Бурҳон Абдуллоев бозорро оташ мезад ба 3 солу 6 моҳ маҳкум шудааст. Ин дар ҳолест, ки қаблан айбдоркунандаи давлатӣ барои Бурҳон Абдуллоев 3 солу 9 моҳи зиндон талаб намуда буд. Худи Бурҳон Абдуллоев зимни сухани ниҳоияш дар додгоҳ иттиҳом алайҳи худро сохта унвон карда, изҳор доштааст, он ба кашмакашҳо барои бозори "Ином" бо Муҳибулло Саъдуллоев рабт дорад.
Хонаводаи Абдуллоев яке аз саҳҳомони бозори “Ином” дар ноҳияи Шаҳритӯс ба шумор мераванд, ки бо додарарӯси президенти кишвар - Муҳибулло Саъдуллоев сари тақсимоти ин бозор баҳси додгоҳӣ доштанд. Моҳи майи соли гузашта Додгоҳи олии иқтисодӣ қарор кард, ки бозор байни тарафҳо 50 ба 50 тақсим шавад. Абдуллоевҳо аз ин қарор ба Додгоҳи олии Тоҷикистон шикоят бурда, эълон карданд, ки дар сурати расидагӣ нашудан ба шикояти онҳо ба барномаи телевизиони "Пуст говорят"-и шабакаи аввали телевизиони Русия муроҷиат хоҳанд кард.
Аммо моҳи декабри соли 2014 Абдуллоев боздошт шуда, мақомоти умури дохилӣ алайҳи ӯ бо моддаи 32 қисми 3 - тайёрӣ ба ҷиноят ва моддаи 255 қисми 2 - қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк парвандаи ҷиноӣ оғоз карданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |