"National Geographic" Помирро аз Самарқанду Бухоро пеш гузошт
“National Geographic” маҷаллаи маъруфи ҷаҳонӣ дар шумораи ҷадидаш номи 10 ҷойи беҳтарин барои истироҳат дар қаламрави собиқ Иттиҳоди шӯравиро ба нашр расондааст.
Масъулини National Geographiс Traveler, дар шумораашон барои апрелу май Помири Тоҷикистонро ба сегонаи беҳтарин ҷойҳои собиқ СССР барои истироҳат ворид кардаанд. Тибқи раддабандии ин нашрияи маъруф ба даҳгонаи беҳтарин ҷойҳо барои истироҳат ворид шудаанд:
- Соҳили ҷанубии Қрим
- Куҳҳои Қафқоз
- Помири Тоҷикистон
- Обҳои минералии Ессентуки, Кисловодск, Железноводск ва Пятигорск
- Нимҷазираи Колски вилояти Мурманск ва замини Франс-Иосифи вилояти Архангелск
- Самарқанду Бухоро дар Узбакистон ва Исиқкул дар Қирғизистон
- Батумии Гурҷистон ва кӯли Севани Арманистон
- Камчатка, водии гейзерҳо
- Алтай, Тива
- Санкт Петербург ва Виборги вилояти Ленинград
Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон қаблан низ дар раддабандиҳои байналмилалӣ ба рӯйхати беҳтарин ҷойҳо барои истироҳат ворид шуда буд, ки сайёҳон бо хароҷоти кам метавонанд бо худ таассуроти фаромӯшношуданӣ баранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |