Бахшҳо

Барои гирифтани шиносномаи тоҷикӣ чанд вақт лозим аст?

Гулҷаҳон ҚОДИРОВА

Дар мавриди бемасъулиятии бархе кормандони ниҳодҳои давлатӣ борҳо аз корафтодаҳо шунида будам. Мегуфтанд, барои як имзо ё ҳуҷҷат шаҳрвандонро рӯзҳову ҳафтаҳо сарсон мекунанд. Аммо ахиран худам шоҳиди хунукназарию бемасъулиятии масъулин шудам.

Чанде пеш, аниқтараш 24 феврали соли ҷорӣ барои гирифтани шиносномаи нави тоҷикӣ (бо сабаби гум шудани он) ба шӯъбаи шиносномадиҳию бақайдгирии ШКД-и шаҳри Кӯлоб ариза супорида, ҳуҷҷатҳои зиёде аз қабили гувоҳнома оид ба макони зист, гувоҳномаи оиладорӣ, нусхаи хатти ЗАГС, рақами мушаххаси андозсупоранда, гувоҳнома аз ШКД-ро омода намуда, маблағи ҷуброни гум кардани шиносномаю пули муқарраршуда барои гирифтани шиносномаи навро ба филиали “Амонатбонк” супоридам. Ин санадҳоро, ки барои омода намуданашон як рӯз сарф шуд, ба шӯъбаи шиносномадиҳию бақайдгирӣ пешниҳод намудаму рӯзи оянда баъди навбатпоиҳои тӯлонии рӯзи сарди пурбарф хабар доданд, ки баъди ду ҳафта метавонам омада шиносномаро бигирам. Он чи дар вақти навбатпоӣ шоҳид будам, қиссаи дигар аст, ҳар панҷ дақиқа ҷангу ҷанҷолҳои корафтодаҳо, ки навбаташонро нафаре бо “тағобозӣ” мегирад ва муносибати дағалонаи кормандон мавзӯи ин матлаб нест.

Аз корманде, ки изи ангуштону аксамро барои шиноснома гирифт, пурсидам, ки чун дар шаҳри Душанбе кор мекунаму наметавонам ду ҳафта ин ҷо интизор бимонам, оё мешавад, нафаре аз аъзои оилаамон омада, ҳуҷҷатро бигирад? Он корманд гуфт, ки “бемалол, назди худам фиристед, худам корро ҳал мекунам”. Бо назардошти рӯзҳои истироҳатӣ шиносномаи ман бояд дар 17 март омода мешуд ва ман дар ин сана модарамро барои гирифтани шиноснома фиристодам. Он рӯз ба модарам гуфтаанд, ки ҳанӯз омода нашудаасту ҳафтаи дигар биёяд. Ҳафтаи дигару ҷумъаи оянда ва ҳафтаҳои бешумори дигар паи ҳам гузаштанду аз шиносномаи ман хабаре набуд. Вақте бори охир ба модарам занг зада пурсидам, ки чӣ шуд, бо овози гирифта гуфтанд, ки кормандони ин ҷо ба сӯяш доду фиғон бардошта ва дағалона рафтор намуданд. “Чӣ, шумо магар намефаҳмед, тайёр нашудааст. Чӣ инҷо худатон танҳо ҳастед? Равед ҳафтаи дигар биёед”,- гуфтаанд ба модарам. Модарам ба ман гуфтанд, “бачам, беҳтар мебуд каме пули иловагӣ ба дасташон медодӣ, то ин вақт корат тамом мешуд”.

Ростӣ, ин суханонро аз даҳони чанд шаҳрванде, ки он рӯз бо ман навбат мепоиданд, шунида будам, ки инҳо шиносномаи нафаронеро, ки болои маблағҳои муайнгардидаи давлатӣ, пули иловагӣ медиҳанд, дар зарфи чанд рӯзаке таҳия мекунанд, вале агар пул надиҳӣ, ҳафтаҳои зиёд сарсону саргардон мешавӣ.

Инак, моҳи сеюм мешавад интизори шиносномаам ҳастаму ноилоҷ бояд бори дигар маблаги зиёд сарф карда, ба Кӯлоб биравам, то ин масъаларо худам ҳал намоям. Баъзан фикр мекунам, беҳтар буд пул медодам, аммо чун рӯзноманигор ва як шаҳрванди комилҳуқуқи ин кишвар фикр мекунам кори дуруст кардаам.

Ҳоло мехоҳам бипурсам, ки чаро кормандони давлатӣ масъулияти худро дуруст иҷро намекунанд ва бе дурушӣ ва эҳсосот бо зани солхурдае муомила карда наметавонанд? То кадом андоза чунин рафтори кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла шӯъбаи зерин асоснок мебошад ва оё барои гирифтани шиносномаи тоҷикӣ як шахрванд бояд чӣ қадар интизор шавад? Муҳлати дарёфти як шиноснома чанд рӯз аст?

Пеш аз сафари навбатӣ ба шаҳри Кӯлоб хулоса кардам, ки ба телефони боварии ВКД занг зада, оиди ин мушкилот шикоят намоям, чунки дар шӯъбаи шаҳри Кӯлоббуда ҳама айбро ба сари “Душанбе” бор мекунанд, ки шиносномаи шумо бо айби система то ҳол нарасидааст. “Мо ду маротиба мактуб кардем, ҷавобаш наомадааст”, - мегӯянд дар шӯъбаи дар шаҳри Кӯлоб буда.

Ба занги ман ба телефони боварии ВКД -- 221-21-21 дар санаи 29 апрел соати 14:00 корманди ин ниҳод Шоҳинов ҷавоб додаву арзи маро навишта гирифтанд ва гуфтанд, ки пагоҳ ин мактуб ба назди вазир медарояд ва сипас ба ман тамос гирифта ҷавобашро мегуянд. Айни ҳол интизори зангаму умеди охиринам ба вазир аст. Эҳтимол масъалаи шиносномаи ман то он ҳад душвор аст, ки онро танҳо худи Ҷаноби вазир метавонад ҳал намояд.

Имрӯз, 30 апрел соатҳои 11:00 дубора бо телефони боварӣ тамос гирифтам ва оиди аризаи дирӯзаам хотиррасон намуданд. Ба ман ҷавоб доданд, ки ин кор дар як рӯз ҳал намешаваду барои баррасии шикояти ман аз як то даҳ рӯз муҳлат даркор аст. Яъне, ба ғайр аз интизориҳои беш аз ду моҳ бо айби бемасъулиятии кормандони шӯъбаи дар шаҳри Кӯлоб будаи бақайдгирию шиносномавӣ, бояд иловатан боз ду ҳафтаи дигар (агар рӯзҳои истроҳатро илова кунем) интизор шавам.

Ҳайронам, ки чаро дар кулли кишварҳои дунё имрӯз ба қадри яке аз сармояҳои муҳимтарин - вақт мерасанду ҳар дақиқаву сонияи рӯзи нафарони фаъол баҳисоб тақсим шудааст, дар кишвари мо то ин ҳад нисбати вақти қимматбаҳои дигарон бепарвоию беэътиноӣ зоҳир мешавад? Ҳайронам, ки ҷуброни вақти барбодрафтаи худро аз кӣ ситонам. Оё нафаре аз ин ниҳоди давлатӣ ба ман кафолат дода метавонад, ки шиносномаамро дар муҳлати муайянгардида, яъне даҳ рӯзи оянда баъди дида баромадани шикоятам, ба ман пешниход мекунанд. Ё боз сарсониҳову интизориҳои дигар дер пеш аст?
Мӯҳр
пора медоди коратро тезтар хал мекарданд кормандони точикистониени мо бепора катит салом намекунандку маст шудагиян гарданашон гавсу шикамашон равганинай барои хамин кора кашол медиханд

ҷабрдида
Кори дурусте кардед, ки тавассути расонаҳо шикоят кардед. Бояд ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамин гуна шакл гирад. Ҳар қонуншикание, ки аз ҷониби мақомот ва масъулин мебинем, бояд бо факту далел ошкор кунем ва ба самъи ҷомеа расонем. То мо ҳақталаб набошем, моро эҳтиром намекунанд, ҳаққи моро намедиҳанд.
Агар баъд аз ин навиштан ҳам ба доди шумо нарасанд, ҳатман ба қабули вазир рафта аз болои кормандони бемасъулияташ шикоят кунед. Шояд бисёриҳо фикр кунанд, ки ин кор ҳам беҳуда аст, вале бо ин амал шумо қарзи шаҳрвандии худро ба анҷом мерасонед.

Афсус
Апашка мо срочно гуфта гирифтем ки бояд шиносномаи хорича гирифта беморамонро ба русия мебурдем дар ду мох бисту руз гирифтем, ки онхам то билет гирифтем ки беморамонро аз даст додем шумо ба умеди инхо нашавед пулам тиед тага надошта бошед одам хисоб намекунанд

Новид
Не смотря на то, что идут перемены в жизни одних людей, другие сильно завидуют этому. Стыдно должно быть тем, кто на столько сильно тянет одну простейшую процедуру в получении документа. Понимания в их действии на столько низок что стыдно становится из-за таких непутевых сотрудников госучреждений. Ко всему сказанному хотелось бы добавить: стыд и позор таким сотрудникам, которые делают жизнь обычных людей тяжелее, хотя должно быть все наоборот!

ДАРВЕШ
Ин раками 2212121 танхо барои гуш кардан аст ми

salom,
e apaijon oli azobi pasportgiriro nadidaen man takriban 2 moh pesh dar in bora ba web site i habarho hat karda budam.
in guna muoshiratho bo man da Kulob dar idorai pasporthoi horiji vo hurda bud.
Vay tanho va tanho shinoshoyashon va odamoni az tarafi digar ba onho rishva medihan kor mekunand ba odamoi betago yo be pul hatto nigoh namekunand. Man hudam 3soat intizori kashidam didam nameshavad bo onho yane yak korgari onjo razbor kardam.

man namedonam dar idorai pasporthoi Horijii shahri Kulob hama namud shaxs kor mekunad yane valyukchikhoi nazdi bozori saxovati Kulob ham hamuja part time bafikram kor mekunan baroi man didam onhoro.
digar inki onho boyad liboshi kori doshta boshand ki az digar shaxsho fark kunad ammo na inxel ast.

hama xeshu tabor jamshuda kor mekunan.in chiguna korxonai Davlatiyay ki korgarosh az shahrvandi oddi fark nadorad.

кулобӣ
Г.Қодирова, шумо рузноманигор будаеду ин қадар коратонро кашол додаанд.Акнун дар фикри мардуми камбизоати бечора бошед,ки бо додани иловапулӣ чандин моҳи дигар интизор мемонанд. Фасод аз кормандони мақомоти қудратиъӣ шуруъ мешавад,ва ҳамин фасодзадаҳо мегуянд,ки ҳар моҳ ба боло маблағ надиҳанд аз кор пеш мекунанд.Аммо мо беақлон то ҳол намедонем болояш ки бошад,ҳар ҷо чунин мавзуъ пеш ояд мегуянд "БОЛО"

Вайс
Бонуи мухтарамГулчахон,
Шумо дарди дили хазорон шахрванди корафтодаро гуфтед.
Ин вазъият, яъне бемасъулиятии бархе кормандони ниходхои давлати на танхо дар шӯъбаи шиносномадиҳию бақайдгирии ШКД-и шаҳри Кӯлоб, балки дар тамоми макомотхои кули манотики Чумхури дида мешавад. Сар карда аз одитарин макомот то олитаринашон (Чамоатхо, Ичроияи махалхо, Нозироти андоз, ЖЭУ, МБТИ, ГАИ, СЭС, Госсдандарт, Нотариус, Адлия, Идораи фуруши барк, об, ва гайра ва хоказо то беохир) аз хисоби мардум пул кор карданро вазифаи авалиндарачаи худ медонанд, ва барои як имзо ё ҳуҷҷат шаҳрвандонро рӯзҳову ҳафтаҳо сарсон мекунанд.. Манфиати шахси болотару волотар аз тамоми дигар арзишхои давлатию миллию шахрвандию дигар масъулиятхои вазифавие, ки барои ичрои он маош мегиранд.
Акнун биёед тахлил кунем, ки сабаб дар чист? Ман хамаи хонадагони сомонаро даъват менамоям, ки дар бахс фаъолона ширкат намоянд. Ба фикри шахсии ман сабабхо чунинанд:
Хар як шахрванди чомеаи хукукбунёди дуняви ба гайр аз ухдадори хукук низ дорад. Яъне шахрванд бояд донад, ки вазифаи шахси мансабдори макомот барои хизмат ба мардум аст, на баракс, ва барои ин кораш аз хисоби бучаи давлат маош мегирад, яъне аз хисоби андозсупорандагон, аз хисоби мову шумо ки баъзан ба ин макомотхо корамон меафтад.
Мутаасифона мардуми мо хамин чизи одиро дарк намекунад, ё намехохад. Бо ибораи маъмул «Каждый народ заслуживает своих правителей», яъне макомотдорони бюрократро худи мо имконият медихем, ки нисбати мо чунин рафтор намоянд. Агар дар ш. Душанбе пойтахти кишвар ду тарафи кучаеро махкам кунанду бигуянд, ки даромад 1 сомон баромад 2 сомон, тамоми рохгузарон пулро месупоранд, кассе намепурсад барои чи. Мисол анна хамин иваз намудани шаходатномахои ронандаги, ё техосмотри навбатии воситаи наклиёт…. Чунин мисолхо зиёд, хеле зиёданд...

Студент
Ин бардак дар хама чои Точикистон хаст.
Дар хорича хам сафоратои Точикистон хамихел аст. Консулиода мерай, рурост меган ки доля чанд мешава, бо як хелаш мега ки ягон чойпули нест.. вазири МИД кчора ниго мекада боша...

ВАЙС дуруст кайд карден! Барои пеши рохи ин амалхои барои чомеъа
дарднок ба фикрам АГЕНТИИ зидди коррупсияро бархам дода ба чои он АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ШАХРВАНДИ (ХАЛКИ) - ЧАМЪИЯТИ ТАШКИЛ КАРДАН ЛОЗИМ АСТ, КИ ДАР НАЗДИ МАРДУМ ХИСОБОТДИХАНДА БОШАНД НА ИН КИ ДАР НАЗДИ МАКОМОТ Ё ПРЕЗИДЕНТ !!!!!

Гулчахони азиз! Захри ин рузро ман хам чашида будам. Як соли
дароз давидам, пас базур гирифтам. Халки мо хамин хел, ба як кор
сохиб шаванд худашонро замин зер намекунанд. Дилашон хар чи
мехохад: Ба духтур мерави пул, БДА мошинатро бегунох медорад пул,
аз хама аламовараш, одам аз маблаг пахрез кунад, дар махбасхона хам низомипуш пул. Хаккашонро дароз мекуни ба вайхо Бобочон Гафуров
дех............!!!!!!!!!!!!!!

...вазири МИД кчора нигох мекарда боша?
Кчора нигох мекна- кончно кисаро

касе пора талаб мекунад, ва касе пора медихад, дар ду олам хезум аст!
ин касалии кормандонии хама соха, ба ном демократия!

Собир
ин кормандони шиносномадихи хаммааш аз кух фаромадаги онхо тамоман равиши корро намедонанд.

корафтода
Вокеан ин бонуи рузноманигор дуруст гуфтанд. Ман хам дучори ин мушкили шудам. Шиносномаро як мох баъд омода карданд. Вакте ба худ гуфтам майлаш сабили сараш шавад пора медихаму корам тезтар хал шавад, аммо 40 сомони маро дида, масъули идораи шинономадихи гуфт: а бача мазокмон мекни? Ба и сум катит ичка салом намекна. Ози доллар хестагияй, нархои мо хам бланд шидай брат. Бо хамин ман пора надодаму 1 мох баъд шиносномаамро омода карданд, ки хеле зарар дидам аз хисоби бемасъулиятии онхо

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)