Ҷанги Толибон дар сарҳади Тоҷикистон

Сипеҳри КАРОМАТУЛЛО
Вилояти Кундузи Афғонистон, ки ҳаммарз бо Тоҷикистон аст, дар ҳоли суқут бо дасти Толибон аст. Расонаҳо аз қавли манобеи худ дар ин вилоят навиштаанд, Толибон 65 дарсади ҳудуди Кундузро ба тасарруфи худ даровардаанд.
Ба гузориши расонаҳо, ҷангҷӯёни Толибон дар ин минтақа нуфуз пайдо кардаанд ва мақомоти амниятии Афғонистон дар бархе навоҳии вилоят шикаст хӯрдаанд. Ҳамчунин иттилоъ мерасад, ки дар сафи ҷангҷӯён атбои хориҷӣ ҳам ҳузур доранд. Аз ҷумла чеченҳо ва тоҷикон дар ҳамла ба вилояти Кундуз ширкат кардаанд. Аз кушта шудани чанд ҷангҷӯи тоҷик низ дар ин набардҳо гузориш мерасад.
Ҳоло ин ҷанг мақомоти Афғонистонро нигарон кардааст ва дар парлумон шӯр барангехтааст. Ба ҳадде ин баҳсҳо доғ аст, ки вакилони Луи Ҷирга пешниҳод кардаанд, созишномаи имзокардаи раисиҷумҳур Ашраф Ғанӣ бо Амрико дар мавриди амният мавриди бозбинӣ қарор гирад, зеро ба бовари онҳо дар сурати таъмин нашудани амният дар Афғонистон ба ҳузури амрикоиҳо дар ин кишвар зарурат намемонад.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти амниятии вилояти Қундуз мегӯянд, агар ҳукумат ба таври ҷиддӣ ба ин ҳодиса бархӯрд накунад, қисмати шимоли Афғонистон ба тасарруфи Толибон медарояд. Онҳо мегӯянд, неруҳои иловагӣ барои тақвияти қувваҳои низомӣ ба ин вилоят фиристода шавад. Дар зимн, ахиран Аҳмад Зиё Масъуд, бародари Аҳмадшоҳи Масъуд ва намояндаи фавқуллодаи раисҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ дар умури ислоҳот ва ҳукуматдорӣ ба вилояти Кундуз сафар кард ва дар як сӯиқасд ҷон ба саломат бурд. Шоҳидон гуфтаанд, ҳангоме ки Аҳмад Зиё Масъуд ба маркази вилоят наздик шуд, Толибон бо партоби мушак ӯро мавриди ҳамла қарор доданд.
Ин даргириҳо дар наздикиҳои марзи Тоҷикистон нигарониҳоро ба бор овардааст. Бархе кошиносон, ки қаблан аз рахна шудани марзи Тоҷикистон ба дасти Толибон сухан мегуфтанд, ҳоло хатари таҳдиди Толибонро ҷиддӣ мешуморанд ва мегӯянд, агар неруҳои Афғонистон ба Толибон пирӯз нашавад, хатар беш аз пеш ташдид меёбад. Фариддун Ҳодизода, коршиноси умури амниятӣ таъкид карда буд, ки дар ним соли оянда эҳтимол Толибон бо роҳандозии амалиёт ба марзҳои кишварҳои Осиё Миёна наздик бишаванд. Ҳоло баъди ҳуҷуми Толибон ва 65 дарсади муҳосираи Кундуз ин шубҳаот ба воқеият табдил мешавад. Ин нигаронӣ ҷо дорад, ки Толибон бо нуфуз пайдо кардан дар қисмати шимоли Афғонистон ҷангро ба хоки Тоҷикистон хоҳанд кашонид. Бо вуҷуди ин ки Тоҷикистон бо такя ба кӯмаки кишварҳои узви СНГ эълом карда, аз марзҳояш дифоъ мекунад, вале бархе мегӯянд, Толибон ҳатто марзҳои оҳанинро ҳам рахна мекунанд. Бинобар ин, хатари аслӣ дар Тоҷикистон дар марз нуҳуфта аст, ки бояд онро тақвият дод. Коршиносон ин нуктаро таъкид мекунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |