Варзиш дар баробари илм, дониш ва дастовардҳои дигар обрӯйи миллат ва кишварро дар сатҳи ҷаҳонӣ боло мебардорад. Имрӯз ба таври расмӣ дар сатҳи байналмилалӣ, танҳо дар ду маросим: яке ташрифи расмии сарони давлатҳо ва дигаре ғолибияти варзишкорони ин ё он давлат парчами миллӣ барафрошта ва суруди миллӣ садо медиҳад. Яке аз чеҳраҳое, ки парчами миллии Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ дар кишварҳои гуногун борҳо боло бардоштаву ба шарафи ҳунар ва варзиши ӯ суруди миллӣ садо додааст, қаҳрамони имрӯзаи “Баҳси бештар” аст. Хушқадам Хусравов, варзишгари ҷавони Тоҷикистон, ки чанде пеш дар мусобиқаи Ҷоми олии қаҳрамонии ҷаҳон - “Ёдбуди Анатолий Харлампиев” дар риштаи гуштии самбо дар Маскави Русия барандаи медали тило ва сазовори мақоми аввал гардид. Хушқадам барои як суҳбат ба дафтари “Озодагон” даъват шуд ва бо Иршоди Сулаймонӣ дар мавриди саҳфаи гуногуни зиндагиаш гуфтугӯ кард.
Озодагон: Фикр мекунем, ки тамоми мардуми Тоҷикистон аз дастоварди пурқиммати варзишии Шумо, ки дар оғози соли 2015 доштед, бисёр хурсанд шуданд. Он дар сатҳи расонаҳои хабарӣ, интернет ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ хеле истиқболи гарм ёфт. Аммо мехостам бидонам, ки Шумо чӣ гуна ба ин мусобиқа рафтед? Яъне, танҳо аз Тоҷикистон Шумо рафтед ва кӣ сарпарасти Шумо буд?
Хушқадам Хусравов: “Ба ин мусобиқа бо дастгирии як сарпараст ширкат кардам. Хушбахтона онҷо бар 4 ҳарифи пурқувват дастболо шудам. Ҳарфи аввалинам аз Туркманистон буд, ки бо натиҷаи 6 бар 0 мағлуб намудам, ҳарифи дувумам аз Русия буд ва бо натиҷаи 4 бар 0 шикаст додам, ҳарифи давраи нимниҳоӣ, варзишкори белорусӣ Иван Анисикевич буд, ки ман қаблан дар мусобиқаи марҳилаи Ҷоми ҷаҳон дар Минск дар даври нимниҳоӣ маро мағлуб намуда буд, инҷо бо натиҷаи 6 бар 2 дастболо шудам. Вохӯрии ниҳоӣ бо варзишгари пуртаҷрибаи қазоқ буд, ӯро бо натиҷаи 6 бар 1 мағлуб кардам”.
Озодагон: Бисёр муваффақияти бузург буд ва мо ҳам аз тариқи шабакаҳои телевизиони Русия тамошо карда, хеле хуш шудем. Тавре медонем, мусобиқаи Ҷоми олии “Ёдбуди Анатолий Харлампиев” яке аз мусобиқаҳои бонуфузи ҷаҳонӣ аст дар риштаи самбо, ки бештар аз 35 давлати дунё иштирок мекунад. То ин муваффақияти Шумо каси дигаре аз варзишгарони тоҷик медали тилои ин мусобиқаро соҳиб шудааст?
Хушқадам Хусравов: “Дар ин мусобиқоти Ҷоми олии ҷаҳон ду варзишгари беҳтарини Тоҷикистон ҳам дар солҳои қаблӣ медали тилоро соҳиб шудаанд. Дар соли 2008 Далер Мусофиров аввалин медали тилои ин мусобиқотро соҳиб шудааст ва паҳлавони маъруфи кишвар Акмалиддин Каримов дар соли 2014 сазовори ҷойи аввал шуд”.
Озодагон: Дар соли 2015 Шумо муваффақиятҳои дигаре ҳам доштед. Дар мусобиқаи марҳилаи Ҷоми ҷаҳон дар Минск ҳам мақоми дувумро соҳиб шудед ва дар мусобиқоти гуштии миллӣ дар Наврӯз дар шаҳри Хуҷанд ҳам дар вазни худ Қаҳрамони Наврӯз-2015 шудед. Фикр мекунед, сарчашмаи ҳамаи ин муваффақиятҳо дар ин мусобиқот чист?
Хушқадам Хусравов: “Сарчашмаи муваффақият ва ё натиҷаҳои назаррас дар риштаи варзиш аз худи варзишгар ва устоди ӯ вобастагӣ дорад. Ман бо ҳамроҳии устодам -- Муҳаммадшариф Сулаймонов дар як рӯз ду вақт ба тамрин машғул мешавам. Субҳ аз соати 7 то 9:30 ва баъди зуҳр аз соати 16:00 то 19:00. Хеле меҳнат ва заҳмати бисёр даркор аст барои дар ин гуна мусобиқаҳо медали тило гирифтан”.
Озодагон: Шумо, ки барандаи медали тилои ин мусобиқа шудед, истиқбол дар Тоҷикистон чӣ гуна буд? Масалан, аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва дигар ниҳодҳои марбут ба варзиш Шуморо даъват карданд, табрик ва ё мукофоте доданд?
Хушқадам Хусравов: “Чун аз ин мусобиқа ба Ватан баргаштам, дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе хеле истиқболи хуб шуд, яъне бо гулу гулдаставу чеҳраҳои самимӣ. Онҷо ҳам намояндаҳои Кумитаи ҷавонону варзиш, ҳам намояндаҳои Мактаби олии маҳорати варзишӣ ва ҳам устодони банда буданд, албатта дар баробари хешу табор. Аз ҳамаи онҳо аз тариқи расонаи шумо изҳори сипос мекунам. Ба ин истиқбол чӣ гуфтаниям. Мехоҳам бигӯям, ки машқу тамрини худро боз дучанд намуда, кӯшиш мекунам, ки шаъну шарафи мамлакати азизамонро баланд бардорам”.
Хушқадам Хусравов: “Не, мумкин нест. Зеро агар варзишгар дар болои гилеми гуштигирӣ каме эътироз кунад имкон дорад варзишгарро аз гуштӣ ихроҷ кунанд. Аз ҷониби дигар ба мамлакату миллат ҳам гапи зиёд мерасид”.
Озодагон: Дар таҷрибаи мусобиқаҳои варзишии дунё ҳаст-ку, баъди анҷоми мусобиқа шикоят ирсол мекунанд. Масалан, мураббии Шумо ё намояндаи Кумита ва ҳар касе Шуморо бурда буд, аз ин таҷрибаҳо истифода накард?
Хушқадам Хусравов: “Бале, ин таҷриба вуҷуд дорад, аммо мураббии мо муҳтарам Носир Бозоров дар ин замина хеле даводави зиёд кард, ман аз ӯ миннатдорам. Омодагии маро таъмин кард дар ин мусобиқа. Аввалин ҳарифам аз худи Ҷопон буд, ки ӯро бо натиҷаи 14 бар 2 шикаст додам. Ҳарифи дигарам аз Непал буд, ки 12 бар 0 шикаст хӯрд. Ҳарифи сеюмам озарӣ буд, ки ҷоизадори сабқати қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 2013 буд, ки бо натиҷаи 4 бар 0 шикасташ додам. Ҳарифи даври нимниҳоиам варзишгари қазоқ буд ва 8 бар 0 мағлуб кардам”.
Озодагон: Шумо бо натиҷаҳои бисёр баланд ҳарифони худро шикаст додед ва бо сар задани як иштибоҳ аз худи Шумо ва ноадолатии доварон аз унвони қаҳрамони ҷаҳон бенасиб мондед. Хушбахтона, имсол низ дар ин мусобиқа иштирок мекунед. Иштироки Шумо дар ин мусобиқа чӣ гуна сурат мегирад ва ин мусобиқа кай ва дар куҷо мешавад?
Хушқадам Хусравов: “Ҳоло ман бояд дар се мусобиқаи бонуфуз иштирок бикунам, ки ду мусобиқа марҳилаи Ҷоми ҷаҳон мебошанд. Худо хоҳад, бояд дар дуто аз ин се мусобиқа иштирок кунам. Яке мусобиқа байни ситораҳои гуштии самбо аст, ки дар шаҳри Ашқободи Туркманистон баргузор мегардад. Дар ду мусобиқаи марҳилаи Ҷоми ҷаҳон яке дар Венесуэла ва дигаре дар Булғористон низ бояд ширкат кунам. Иншоаллоҳ тамоми талоши мумкинро мекунам, ки дар ин се мусобиқа боз таҷрибаи худро пурратар намоям, то дар сабқати қаҳрамонии ҷаҳон дар кишвари Марокаш аз 12 то 16 ноябр ба мисли устод Сайидмуъмин Раҳимов қаҳрамони ҷаҳон шавам ва ба орзӯи деринаи худ бирасам”.