Мулоқоти Э.Раҳмон бо бонкири рақами 1-и Швейтсария
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 30-юми апрел дар мулоқот бо Томас Йордан, раиси Бонки миллии Швейтсария аз ҳамкорӣ бо ин кишвар изҳори қаноатмандӣ намудааст.
Тибқи иттилои дафтраи матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар мулоқот масоили вобаста ҳамкории бисёрҷанбаи Тоҷикистону Швейтсария баррасӣ шуда, Эмомалӣ Раҳмон иброз доштааст, ки “Мо Швейтсарияро яке аз шарикони муҳими худ дар қитъаи Аврупо медонем ва ба он таваҷҷуҳи махсус дорем”.
Манбаъ мегӯяд, зимни мулоқоти ҷонибҳо намояндагии ягона доштани Тоҷикистону Швейтсарияро дар Шӯроҳои Директорони иҷроияи Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ ва Хазинаи Байналмилалии Асъор нишонаи возеҳи ҳамшарикии судбахш номидаанд: “Ба заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ низ баҳои баланд дода шуд. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки дар соли 2014 ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвар ба 480 миллион доллари амрикоӣ расид ва ин нисбат ба соли 2013 5, 8 баробар зиёд аст”.
Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон ба саҳми Швейтсария дар татбиқи лоиҳаҳои гуногуни Тоҷикистон, ки ба таъмини суботи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ равона гардидаанд, баҳои баланд додааст.
Дар ин вохӯрӣ таъкид гардидааст, ки имконоти истифоданашуда барои густариши бештари ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ миёни ҳарду кишвар ҳанӯз хеле зиёд аст.
Дафтари матбуотии раисиҷумҳур мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон ва Томас Йордан ҳавасмандии худро ба рушди бештари муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахш, аз ҷумла дар самти коҳиш додани таъсири манфии омилҳои берунии бӯҳронӣ ба иқтисоди Тоҷикистон, таъкид доштанд.
Ин дар ҳолест, ки Швейтсария дар соли 2014 ба калонтарин қабулкунандаи молу маҳсулот аз Тоҷикистон табдил ёфтааст. Хадамоти гумруки Тоҷикистон мегӯяд, дар соли 2014 ба маблағи 261 миллион доллари амрикоӣ аз Тоҷикистон ба Швейстария мол содир шудааст, ки асосан металҳои қимматбаҳо ва тилло мебошанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |