Назарбоев дар савгандёдкунӣ аз ҷанги Тоҷикистон зикр кард (ВИДЕО)

Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури тозаинтихоби Қазоқистон дар маросими савгандёдкунияш аз иншои навиштаи Карина Данилова, хонандаи синфи 5 иқтибос овард, ки хонаводааш шоҳиди ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон будааст.
Карина Данилова, хонандаи мактаби рақами 9-и шаҳри Ақтау дар иншои “Президенти Ман”, ки дар синфи 4-умияш навиштааст, саргузашти хонавода, бобокалону бибикалонашро зикр кардааст, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок кардаанду баъдан бибию бобояш соли 1992 дар ҷанги дохилии Тоҷикистон шоҳиди тирпаронӣ, куштор ва таркишҳо шудаанд: “Вақте модару бибиям дар ин бора нақл мекунанд, ашк дар чашмонам ҳалқа мезанад. Ман дар иншоям навиштам, ки мехоҳам, ҳамеша дар кишвари орому осуда зиндагӣ кунам ва ҳеч гоҳ ҷанг набошад”.
Нурсултон Назарбоев рӯзи 29-уми апрел дар дақиқаи 34-уми маросими савгандёдкунияш аз иншои Карина иқтибос оварда, гуфт, ки навиштаи Карина қалбашро такон додааст: “Ӯ навиштааст, ки мехоҳад дар кишвари ором зиндагӣ кунад, ҷанг набошад. Ҷанге, ки дар Чеченистон ё худ дар Тоҷикистон буд ва бибию бобояшро водор кардааст, то ин кишварро тарк кунанд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |