Ҳарфе барои гуфтан
Азизи НАҚИБЗОД
18 сол доштам, ки дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ ба миён омад. Вақти мо донишҷуёни солҳои ҷанг ба ҷои китобхона дар навбати нон ва интизории нақлиёт мегузашт.
Ун замон ақлу мантиқ ба кор намерафт. “Калашников” ҳукм меронд. Орзуи аслии мо ҳарчи зудтар тамом шудани нооромиҳо ва обод шудани кишвар буд. Ба умеди оянда мезистем. Ояндаи рӯшане, ки оқибат ақл ҷойнишини ҷаҳл гардад. Вақте аз Донишгоҳ фориғ шудем ҷанг тамом шуда буд. Сулҳ дубора умедҳоямонро болу пар бахшид. Бовар доштем, ки акнун рӯзҳои даҳшатбори ҷанг пушти сар шудаву рӯзҳои комёбиву рушди кишвар оғоз мегардад.
Ҳоло сини ману ҳамнаслонам аз 40 гузашта, вале ҳанӯз ба умеди оянда зиндагӣ мекунем. Чун Тоҷикистон ҳоло ҳам аз ҷиҳати иқтисодиву иҷтимоӣ дар як қатор бо кишварҳои ақибуфтода ҷой гирифтааст. Айни ҳол коре ба анҷом нарасида, ки ақалан қисмати андаке аз муҳоҷиронро дар Ватан боздорад.
Ҳанӯз сокинони ҷумҳурӣ либоси воридотӣ мепӯшанду хӯроквории воридотӣ истеъмол мекунанд, ки ин аз рӯ ба инқироз доштани вазъи саноату иқтисод мегӯяд.
Айни замон ҳукумати Тоҷикистон мангирифти баҳси ришу ҳиҷоб аст. Ин чӣ маънӣ дорад? Чаро мо то ҳанӯз пушти ҳарзаҳо мегардем? Агар бигӯям, ки ин баҳс аз мазҳабӣ ё фарҳангиву сиёсӣ буданаш мавзӯи иҷтимоиву иқтисодист шояд хандаатон ояд. Аммо ба назар мерасад, ки чунин аст. Яъне ҳукумат дигар ҳарфе барои гуфтан надорад.
Агар мо метавонистем дар ин беш аз 20 сол аққалан як корхонаи дурусти истеҳсоли ҷуроб таъсис диҳем, шояд имрӯз раиси Хадамоти гумрук эълон мекард, ки “барои дастгирии истеҳсолоти ватанӣ воридоти ҷуроб ба кишвар манъ аст”. Шояд ҳоло дар сархати расонаҳо ба ҷои баҳси ришу ҳиҷоб, ки шиками касеро на сер мекунаду на мушкилеро осон, гапи корхонаи ҷуробу фоидааш ба кишвар навишта мешуд. Чунин корхонаҳо, ки сохта нашуданд, ҳоло аз чӣ ҳам метавон гуфт?
Мавзӯи ришу ҳиҷоб афкори мардумро машғул медорад. Намегузорад, ки дар хусуси мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ ва буҳрони бавуҷудомада биандешанд. Намемонад, ки дар бораи ваъдаҳои ба мардум додаи ҳукумат, дар хусуси истиқлоли энержӣ ва озуқаворӣ фикр кунанд.
Аммо дар мавриди зистан ба умеди фардо, зикр бояд намуд, ки мутаассифона ҳукумат барномае надорад, ки ақалан шаҳрвандонро барои чанд соли дигар умедвор кунад. Агар дорад, чаро ба ҷои баҳси либосу риш матраҳ намесозад?
Ҳамнаслони чилсолаи ман 20 соли умрро бо шукронаи сулҳ ва умеди фардои обод сипарӣ карданд. Ҳоло сарнавишти насли ман маълум нест, ки чанд соли дигарро дар интизори рӯзҳои ободу шароити рифоҳ мегузаронанд...
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |