Тавре ба «Озодагон» аз сафорати Амрико иттилоъ доданд, дар доираи ин барнома шаст нафар донишҷӯ аз вилояти Бадахшони Афғонистон соҳиби бурсия барои омӯзиши забони англисӣ, технологияи иттилоотӣ, муҳосибӣ/хазинадорӣ дар ММКД-и Хоруғ гардиданд. Таълим ба забони дарӣ сурат гирифта тамоми барнома ва маводҳои таълимӣ низ бо ин забон омода гардиданд.
Гуфта мешавад, дар ин чорабинӣ сафири ИМА Кен Гросс, консули Афғонистон дар шаҳри Хоруғ Абдулҳаким Ҳайдарӣ, муовини аввали райиси ВМКБ Орифшо Исмоилов, Намояндаи доимии Созмони Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон Мунир Мералӣ, сафири Фаронса Анри Зиппер де Фабиани ва сафири Русия Юрий Попов ширкат варзиданд.
Мавриди тазаккур аст, ки барномаи фаромарзии маълумоти касбӣ-техникӣ яке аз лоиҳаҳои сершумори ёрирасони Оҷонсии Амрико оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) мебошад. Аз соли 1992 инҷониб сафорати ИМА дар Душанбе беш аз 900 миллион долларро барои кӯмак ба рушди иқтисодиёт, ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ ва маорифи Тоҷикистон ироа кардааст. Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |