Бонки миллӣ: 50% саррофиҳои хусусӣ дубора ба фаъолият оғоз карданд
Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, фаъолияти саррофиҳои хусусӣ аз сар гирифта мешавад, аммо дар сохторҳои бонкҳои тиҷоратӣ.
Абдуғафор Қурбонов, сухангӯи Бонки миллии Тоҷикистон ба “Озодагон” гуфт, ҳоло 50 дарсади нуқтаи мубодилаи асъори хусусӣ, ки аз 17 апрел фаъолияташон манъ гардида буд, дар доираи сохторҳои бонкҳои тиҷоратӣ фаъолиятро оғоз кардаанд. Оқои Қурбонов мегӯяд, нуқтаҳои дигари мубодилаи асъор ҳам ҳоло дар пайи гузариш ба ҳайати бонкҳо ҳастанд ва бо бастани шартнома бо бонкҳову муайян намудани механизми корашон фаъолиятро шурӯъ хоҳанд кард: “Дар доираи ҳамин қарори Бонки миллӣ ба чунин нуқтаҳои мубодилаи асъор то якуми июли соли равон муҳлат пешбинӣ шудааст ва то ин вақт онҳо пурра корашонро дар доираи сохтори бонкҳо сар мекунанд. Ин ҳама барои беҳтар гардидани вазъи бозори асъори миллӣ ва ҳимояи ҳуқуқи муштариён роҳандозӣ шудааст. Дар доираи сохторҳои бонкҳои тиҷоратӣ низ тақрибан корашон мисли аввала аст, фақат баъзан шартҳоро бояд иҷро кунанд, масалан касе, ки доллар мехарад бояд бақайд гирифта шавад”.
Қаблан Бонки миллии Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ дода буд, ки бо дастури онҳо бо мақсади таъмини устувории бозори дохилии асъор, суботи қурби сомонӣ ва ҳифзи манфиатҳои муштариёни ташкилотҳои қарзӣ аз 17 апрели соли ҷорӣ сар карда, фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъори шахсони воқеӣ дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ боздошта мешавад. Манбаъ гуфт, тибқи дастури мазкур ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ уҳдадор мешаванд, ки ҳар амалиёти фурӯши доллари амрикоии нақдро ба мизоҷон ва ё ба шаҳрвандон бо таври махсус бо дарҷи тамоми мушаххасоти шахсияти онҳо анҷом дода, ба расмият дароранд.
Ин қарор дар ҳолест, қи ахиран Бонки миллии Тоҷикистон теъдоди нуқтаҳои саррофиро дар кишвар беш аз 1,5 ҳазор арзёбӣ кард, ки 818 тои он ба шахсони воқеӣ марбут аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |