Ба масъалаи андозбандии кормандони сафорати ИМА дар Душанбе нуқта гузоштанд
Ҳукумати Иёлоти муттаҳидаи Амрико ва Тоҷикистон Созишнома оид ба андозбандӣ намудани кормандони маҳаллии сафорати ИМА дар шаҳри Душанберо имзо кардаанд.
Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, ин созишнома рӯзи 29 апрел дар ҳошияи мулоқоти Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии кишвар бо Сюзан Эллиотт, сафири Амрико дар Душанбе ба имзо расидааст.
Манбаъ мегӯяд, зери Созишнома байни ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати ИМА оид ба андозбандӣ намудани кормандони маҳаллии Сафорати ИМА дар Душанбе Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон ва сафири Амрико имзо гузоштаанд. Инчунин дар мулоқоти Аслов бо Эллиотт масъалаҳои вобаста ба муносибатҳои дуҷониба ва дигар масъалаҳои ҷолиби таваҷҷуҳи тарафайн изҳори назар шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |