Ҳукми ду бародари маст, ки дар куштори муҳоҷири тоҷик муттаҳам мешуданд
Додгоҳи вилояти Ленингради Русия ду бародареро, ки дар куштори шаҳрванди Тоҷикистон муттаҳам мешуданд, ба 18 соли зиндон ҳукм кардааст.
Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, додгоҳ яке аз ин бародаронро шаш ва дигариро 12 сол аз озодӣ маҳрум кардааст. Қаблан ҳайати мунсифа ин ду бошандаи ноҳияи Кировро дар куштори табааи Тоҷикистон муҷрим шинохта буд.
Ба иттилои манбаъ, ин бародарон моҳи июни соли 2014 дар ҳолати мастӣ дар соҳили ҳавзе дар наздикии шоҳроҳи “Кола”-и ноҳияи Киров як шаҳрванди Тоҷикистонро мавриди латту кӯб қарор додаанд. Гуфта мешавад, онҳо нахуст бо шиша ба сари ин тоҷик зада, баъдан ба қафаси сина ва пушти ӯ баромадаву бо лагад задаанд. Дар натиҷа шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Баъди ин бародарон ҷасадро даруни буттаҳо мегузоранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |