“Табобат”-и шерҳои Исмоили Сомонӣ аз сӯи Академияи илмҳо (АКС)
Академияи илмҳои Тоҷикистон бо супориши шаҳрдории Душанбе маҳлулеро таҳия кардааст, ки барои аз намак пок кардани ҳайкалу муҷассамаҳо истифода мешавад.
Бо истифода аз ин маҳлул аллакай як қисмати муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, воқеъ дар маркази пойтахт шӯста шудааст. Фарҳод Раҳимов, президенти Академияи илмҳо мегӯяд, кормандони Институти кимиё ҳамагӣ давоми чанд рӯз ба таҳияи маҳлул муваффақ шудаанд: “Ҳоло бо олимон ва муҳақиқони ҷавони академия коркарди технологияро ба коргарони маҷмааи Исмоили Сомонӣ нишон дода истодаем, ки минбаъд худашон аз он истифода баранд”.
Ба қавли оқои Раҳимов, маҳлули мазкур аз чанд навъ пайвастагиҳои кимиёвӣ, ки фоизнокиашон дар таркиби об кам аст, омода шудааст: “Он намакҳоеро, ки рӯи ҳайкалҳо ва сутунҳои иморатҳо пайдо мешаванд, тоза мекунад. Кори бисёр осон аст”. Аммо президенти Академияи илмҳо мегӯяд, ҳоло ин маҳлулро номи мушаххасе нагузоштаанд. Аксҳо аз А. Раҳмон
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |