АКС: Тағйироти нави кадрӣ дар ҷаласаи ҳукумат

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 29-уми апрел дар ҷаласаи ҳукумат як қатор тағйироти кадриро амалӣ кард.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон аз ҷумла Шералӣ Сиддиқов - директори иҷроияи Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон, Маҳмадулло Шералиев - директори иҷроияи Гуруҳи татбиқи лоиҳаи таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна, Алимардон Азимов - директори Муассисаи давлатии маркази татбиқи лоиҳаи бақайдгирӣ ва системаи кадастри замин барои тараққиёти устувори соҳаи кишоварзӣ, Ҷамшед Лақаев - директори Маркази идораи лоиҳаи рушди инфраструктураи маҳаллӣ (коммуналӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нусратулло Мусоев - муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шералӣ Вазиров - сардори Хадамоти назорати давлатии байтории Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ниматулло Таваров - сардори Хадамоти давлатии фитосанитарӣ, карантини растаниҳо ва назорати тухмии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Исуф Шоев - директори корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии Тоҷикагролизинг таъин шуданд.
Манбаъ афзуд, ки дар ҷаласа Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири рушдли иқтисод ва савдо дар бораи сари вақт омода кардани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2015-2016 гузориш дод: “Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки ба зимистони оянда ҳамаи сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ аз ҳозир бояд омодагӣ гиранд”.
Зимни ҷаласа инчунин лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба чанд қонун, аз ҷумла ба қонунҳо “Дар бораи силоҳ”, “Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ” ва “Дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ” барои баррасӣ ба парлумон фиристода шуд.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳур илова намуд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар фароварди ҷаласа барои тезондани навсозии роҳҳои мошингарди шаҳрҳои Кӯлобу Қӯрғонтеппа ва истиқбол аз 70-солагии Ғалаба бар фашизм ба масъулин супоришҳо дод.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |