“Табиби мардумӣ” дар Маркази бемориҳои дил: Бо даст табобат мекунам...
Кормандони Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи тиб барои Маҳмадёр Сафаров, ки миёни мардум ҳамчун “табиби мардумӣ” маъруф аст, дар Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои дил шароит фароҳам овардаанд, то қобилияти худро нишон диҳад.
Сафаров, ки маълумоти омӯзгорӣ дошта, баъди баромадан ба нафақа ба тибби мардумӣ машғул шудааст, иддао дорад, ки бо нерӯи дастҳояш касалиҳои дил, безурётӣ ва ғайраро табобат мекунад. Ба иттилои мақомот барои ӯ дар Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои дил шароит фароҳам шуд, то беморонро ташхису табобат кунад, аммо баъди “табобат”-и гузарондаи Сафаров ба гуфтаи ҳам беморон ва ҳам мутахассисон беҳбудие ҳосил нашудааст.
Мақомоти Тоҷикистон таъкид мекунанд, ки ҳадафи асосии бисёре аз табибони мардумӣ, ки бо усулҳои ғайрианъанавӣ табобат мекунанд, ба даст овардани маблағ мебошад ва аз шаҳрвандон даъват намуданд, ки саломатияшонро ба онҳо бовар накунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |