Бахшҳо

Интиқоди Зуҳуров аз “хомӯшӣ”-и вакилон: 1,5 моҳ гузашт, фаъол бошед!

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 29 апрел аз хомӯшӣ ва камфаъолии вакилони тозаинтихоб дар ҷаласаҳо интиқод намуд.

Зуҳуров дар пайи он, ки вакилон 6 масъалаи ҷаласаро бе ягон суолу масъалагузорӣ қабул карданд, аз онҳо даъват намуд, ки фаъол бошанд: “Пешниҳод, дархост ва суолро ироа кунед. Ҳамин хел омада нишастан даркор нест. Аз интихобот ҳам 1,5 моҳ гузашт. Ба масъалаҳо ворид шавед. Фикру андешаҳоятонро, ки аз мулоқот бо интихобкунандагон бармеоянд, баён кунед”.

Ин дар ҳолест, ки дар ҷаласаҳои гузаштаи вакилони тозаинтихоб низ даъватҳои Зуҳуров барои пешниҳоди дархосту суолҳо бепосух мемонданд ва масъалаҳои ҷаласа бе масъалагузорӣ қабул мегардиданд.

Дар ҷаласаи 29 апрели Маҷлиси намояндагон вакилон лоиҳаҳои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Созишнома оид ба ҳифзи техникии иттилоот дар Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони Ҳамкории Шанхай, Дар хусуси Конвенсия оид ба пешгирии ҷинояти генотсид ва ҷазо барои он, лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон “Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бозхонд намудани Шоҳиён Шермуҳаммад аз вазифаи раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро ба тасвиб расонданд.
Мӯҳр
салом ба хайати озодагон ва рохбари тоза интихоби Раиси палатаи болои Шумо дуруст дарч карден хами конуну карорхое ки руи дасти мо барои ондану омахтан меояд аз овози шумо вобастааст барои дар бари Шумо ва конунхоеки дар Шумо пешниход мешавад бояд вакилони шумо идеяЮ фикру акидаи худро гуян ки оянда он карору конунеки шумо тасдик мекунен манфиати халк ва озод будани шахрвандони Точикистони азизамон мебошад на инки вакил элон шудан пас хомуш биншинию чизеки руи когаз бошад овоз додан гири аз шумо хохиш менамоям Раиси мухтарам дар бари худ кадрхои баландихтисосро чам кунед!!!

789
Хомуши аз чи бошад?Парламон ин чои бахсу мунозира оиди бехбуд кардани хаети мардум аст на танхо шиштану хестан.

Дилпур бошед огои Зуҳуров! Дигар ягон депутат бо ягон савол шуморо ташвиш намедихад. Панч соли оянда барои Шумо ва кулли онхое, ки лоихаи конун пешниход менамоянд, панч соли аз хама пурфарогат ва пурбарор хохад шуд.

Мӯҳтарам Зуҳуров ин бечораяконро азоб надиҳед охир монед, камтар дами беғам дошта бошанд

Хечгап не мухтарам вакилон бахор гузарад
Хамааш соз мешавад ё ин ки аз тарси вазифа
Бошад ба кадри хусайни ва кабири мерасед
Акнун муйсафедхои хоболуд

ш Душанбе
1,5 моҳ гузашта бошад ....бозт 4 солу хаштинимохи дигар хаминхел хап мешинанд...кори хирс тамом.....

Хохишмандам, баланд гап назанед, чаноби Зухуров. Бедор накунед. Ин кадар захмат кашиданашон хам барои он буд, ки 5 сол дар курсии мулоим барохат дам мегиранду аз хисоби мо- андозсупорандахо бештар аз 1000 доллари мегиранд.

Фикр кардам, танхо донишчуёни мо дар дарс фаъол нестанд... ин депутатхо хам хаминхел будаанд ку...шояд вакт надоранд....шояд 1-2 мох испитательный срок додан даркор бошад ва баъд депутати асли интихоб шаванд =)))

Мухочир
Аслан инхо вакилхои мардуми нестанд инхоро мардум интихоб накардааст инхоро чаноб интихоб кард шояд баъзеи инхо мохияти вакилии худро намедонанд чи конуне, ки аз боло ишора шавад инхо кабул мекунанд дар точикистон парлумони мустакил вучуд надорад


тамошобин
агар бедор нашаванд, чазохои маъмури хонда, баъдан аз вазифа озодашон кунед. эъ бубахшед пешниход кунед, ба чояшон кадрхои арзандаро "инти"-ХОБ кунем

Бародар
Онхо холо бовари надоранд ки депутат шудаанд чунки овоз нагирифтаанд ё вичдонашон азоб медихад?

Он вакт гап мезананд ки мохонаащон баробари мохонаи миенаи омори буда мошини хизмати надошта бошанд.

Неки зур гуфти, Тамошобин. Интихобот не, инти-ХОБ- от!

Холо на танхо Шукурчон, балки миллат ба кадри Кабирию Хусайни ва Шабдолов мерасанд. Онхо буданд, ки бо суханхову пешниходоташон чаласахои парлумонро рангоранг мекарданд ва ё дигархоро мачбур ба сухан кардан мекарданд. Холо касе нест, ки дигархоро завадит кунад. Хама бо хам дар хоби гаронанд. Харчанд, ки Шукурчон хой хой мекунад, мегуянд ээээ и аз худмонай ку беташвиш бошен ....

Вай Кабирию Шабдолов ва мархум Сухроб буданд, ки бахс мекардан. Мебахшеду аммо геникологу математику физик аз сафи муаллими рафта чи бахс кунанд. монед 5 сол одат кунанд бад дар парлумони оянда шояд тачриба пайдо кунанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)