Freedom House: Дар Тоҷикистон озодии баён нест, аммо аз ҳамсояҳо беҳтар...
Созмони Freedom House ё “Хонаи Озодӣ” маққараш дар Амрико дар арафаи сеюми май, Рӯзи байналмилалии озодии баён бо нашри як раддабандӣ ҳамаи кишварҳои Осиёи Миёнаро дар қатори “ноозод”-ҳо қарор додааст.
Тибқи раддабандии ин созмон Тоҷикистон дар миёни 199 кишвари ҷаҳон аз рӯи озодии баён ҷойи 179-умро гирифтааст, ки баъди Қирғизистон беҳтарин нишондод дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад: “Аз рӯи озодии баён Қирғизистон миёни 199 давлат ҷойи 148-ум, Қазоқистон-185 ва Узбакистону Туркманистон ҷои 197-ум гирифта, ба сегонаи кишварҳои ноозодтарин ворид шудаанд. Вазъи бадтарини озодии баён дар Кореяи Шимолӣ ба қайд гирифта шудааст ”.
Дар гузориши “Хонаи Озодӣ” 63 кишвар “озод”, 71 кишвар “қисман озод” ва 65 кишвар “ноозод” баҳогузорӣ шудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |