Шоҳи Саудӣ валиаҳди худро иваз кард
Салмон ибни Абдулазиз, шоҳи 80-солаи Арабистони Саудӣ бо судури як амр амир Муқрин ибни Абдулазизро аз мақоми валиҳади шоҳӣ озод кардааст. Дар ин бора расонаҳои арабӣ иттилоъ дода, навиштаанд, ин амри Салмон ибни Абдулазиз дар асоси дархости худи амир Муқрин ибни Абдулазиз содир шудааст.
Ба иттилои манбаъ, ба ҷои Муқрин ибни Абдулазиз амир Муҳаммад ибни Найф ибни Абдулазиз, бародарзодаи Салмон ибни Абдулазиз валиаҳди шоҳи Арабистони Саудӣ таъйин шудааст.
Инчунин бо як амри дигари Салмон ибни Абдулазиз Муҳаммад ибни Салмон ба курсии валии валиаҳди шоҳи Арабистони Саудӣ нишааст.
Муҳаммад ибни Найф ибни Абдулазиз 56 сол дошта, дар вазифаҳои муовини нахуствазир ва вазири умури дохилии Арабистони Саудӣ кор намуда, яке аз фарзандони амир Найф ибни Абдулазиз мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |