Мададхоҳӣ: Дар пайдо кардани Мухтори 16-сола кӯмак расонед
Наздикони Мухтор Мақсудов, хонандаи синфи 9 ва зодаи шаҳри Истаравшан мегӯянд, давоми ду рӯз аст, беному нишон гаштааст.
Тӯрахуҷа Мақсудов, амаки Мухтор дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ин донишомӯзи 16-сола рӯзи 27 апрели соли равон аз хона берун рафта, то ҳол бар нагаштааст.
Ба гуфтаи ҷаноби Мақсудов, бори охир бародарзодаи ӯро ду рӯз қабл тахминан соатҳои 2:00-и шаб дар яке аз бозорҳои шаҳри Чкалови вилояти Суғд дидаанд. Ӯ афзуд, дар робита ба бедаракшавии бародарзодааш ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат кардаанд, аммо то ҳол тамоми талошҳо барои пайдо кардани Мухтор бенатиҷа будааст.
Тӯрахон Мақсудов аз сокинони кишвар хоҳиш дорад, агар дар бораи бародарзодаи ӯ маълумоте доранд, бо рақамҳои зерин тамос гиранд: 92 827 8006 98 740 23 23 92 620 29 99.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |