“Довамат” набераи президентро аввалин шуда ба марра расонд
Набераи Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури Туркманистон, дар аспдавонии миллии ин кишвар мацоми аввалро касб кардааст.
Ин мусобиқа дар маҷмааи аспдавонии Ишқобод бо иштироки варзишкорони ҷавон, аз ҷумла, Каримгул Бердимуҳаммадов, набераи раҳбари давлати Туркманистон баргузор шудааст.
Ба навиштаи хабаргузориҳои туркманӣ, дар ин чорабинӣ сиёсатмадорон, тоҷирони хориҷӣ, куҳансолон ва димломатҳо низ ширкат варзидаанд.
Каримгул Бердимуҳаммадов бо аспи “Довамат”-и худ таҳти қарсак ва ташвиқи беандозаи тамошобинон аз миёни 7 савора масофаи 1200 метрро дар як дақиқаву 18,4 сония тай кардааст.
Матбуоти Туркманистон менависад, Қурбонгулӣ Бердумуҳаммадов дар вақтҳои фориғ аз кор бо наберааш ба аспдавонӣ машғул мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |