Бахшҳо

Эътирози Донишкадаи исломӣ ба “Висоли ҳақ”: Чаро дар бораи Роғун намегӯед?

Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам бо нашри як изҳорот барномаи шабакаи моҳвораии “Висоли ҳақ” ва ҳарфҳои барандаи он - Муҳаммад Ансориро, ки дар он ҳукумат ва давлати Тоҷикистон ба ҷонибдорӣ аз фоҳишаҳо муттаҳам мешуд, таҳқир ба миллат ва бонувони тоҷик дониста, хостори узрхоҳии масъулини ин телевизион шудааст.

Дар изҳороти донишкада, ки ба дасти “Озодагон” расид, аз ҷумла омадааст, “нисбати як миллат сухани нораво гуфтан ва паст задани як миллат аз тарафи ровӣ борҳо мушоҳида шуд, ки аз одобу ахлоқи динӣ дур мебошад. Ин туҳмат ва таҳқири як миллат ба ҳисоб меравад ва бояд ровӣ ҳатман узрхоҳӣ кунад”.

Масъулини ягона таълимгоҳи исломии Тоҷикистон гуфтаанд, барандаи “Висоли ҳақ” дар ҳоле ҳукумат ва давлати кишварро ба поймол кардани ҳуқуқи занони рӯсарипӯши тоҷик муттаҳам кард, ки ба гуфтаи онҳо гӯиё дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон занону духтарони зиёде ба таҳсил ва кору фаъолият машғуланд ва “аз ҷониби онҳо ҳатто як шикояте ҳам нисбати беэҳтиромӣ ба занону духтарони дорои пӯшиши динӣ пешниҳод нагардидааст”.

Дар изҳороти донишкада, таъкид мешавад, яке аз масоили дигаре, ки Муҳаммад Ансорӣ барои он ҳукумат ва мансабдорони тоҷикро зери тозиёнаи танқид қарор додааст, муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад, дар ҳоле ки бо ин мушкил на танҳо мардуми Тоҷикистон, балки худи кишварҳои арабию Осиёи Шарқӣ (Тайланд, Индонезия, Малайзия ва ғайраҳо) низ рӯбарӯ ҳастанд: “Мушкили дигари ровии ин барнома ин аст, ки аз шароити иҷтимоии кишвари мо ва тағйироти назарраси иқтисодиву иҷтимоӣ баъд аз истиқлолият огоҳӣ надорад ва ба рағми ин ҳама пешрафтҳо аз мушкилоте сухан мегӯяд, ки барои ҳамаи ҷомеаҳо ва давлатҳо вуҷуд дорад. Мушкили бекорӣ, мушкили муҳоҷират ва мушкили касри буҷет дар кишварҳои пешрафтаи дунё ва ҳатто кишварҳои абарқудрат ҳам мушоҳида мешавад ва баъзе кишварҳо дар Аврупо бо буҳронҳои сангину камаршикане рӯ ба рӯ шудаанд ва дар зери бори қарзҳои хориҷӣ наздик аст, ки кишварашон аз байн биравад. Пас, ин масъалаҳоро ҳамчун мушкили асосии як давлат нишон додан одилона ва аз рӯи инсоф нест”.

Муаллифони изҳорот мегӯянд, Муҳаммад Ансорӣ ва масъулини “Висоли ҳақ” даҳҳо мушкилим аслии мардуми тоҷикро нодида гирифта, такя ба суханҳои беасоси доираҳои манфиатхоҳ барнома таҳия менамоянд: “Ҳаргиз шабакаҳои хориҷӣ дар бораи мушкилоти асосии кишвари мо, ки аз ҳама бештар моро нигарон мекунад ва ҳаққи мардуми моро поймол мекунанд, сухане ба миён намеоваранд. Чаро дар мавриди сохтмони нерӯгоҳи Роғун ва мушкилоти маснуие, ки дар пеши роҳи он мегузоранд, касе сухан намегӯяд? Чаро дар мавриди монеъ шудани кишварҳои ҳамсоя аз ворид шудани маводи зарурӣ ба кишвари мо сухан ба миён намеояд?”

Изҳороти Донишкадаи исломии Тоҷикистон дар ҳолест, ки қаблан раҳбарияти Кумитаи дин ва Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон низ дар робита ба барномаи “Висоли ҳақ” изҳорот пахш карда, онро туҳмат ва “шаттоҳӣ” хонданд.
Мӯҳр
ВИСОЛИ ХАК-ИН ФАРЁДШУНАВИ МАРДУМИ РУХОНИИ ТОЧИК ГАШТААСТ!!ШУМО ХИЗМАТГОРОНИ ДАРБОРИ БО ИН ЭЬТИРОЗХОИ СОХТААТОН РУИ "ОФТОБ"-РО ПУШИДА НАМЕТАВОНЕД!!ЭХ ХУДОЁ ХАМАРО ХИДОЯТ КУН..шарм медорам ки чунин донишкадаи исломи дорему,чунин шурои уламо...

усмон
ха ха ё тавба чи инкадар эътирози дуруг мекунед М ансори даъватон кард мархамад биравед пагох иштирок кунед дар барнома ва шумо гуед дар борай рогун кани бинем меравед е не гап дар борай дини ислом меравад дар ин барнома на дар борай рогун рогунхам бошад халки мазлуми точик сахмия чам кард чи гуянд дар борай рогун? Гуяндки мардуми бечораро мачбур сахмия доданду рогун сохтаанд кани рогун?

ман ба хамин донишчуёни Д.Исломи гуфтаниям, ки кучо будед вакте хичоби духтарони точикро аз сарашон гирифтанд. Кучо будед вакте конун дар бораи манъи хичоб дар макотибхо чори шуд.Бино бар хамин сабаб чунин рафтор накунед мисли муфтиву кумитаи дини Точикистон.

Мухтарам мудирияти Донишкадаи исломии Тоҷикистон яъне Шумо гуфтаниед, ки мушкилихое, ки мо дорем, Ансори омада хал кунад. Мо худамон хал карда наметавонему у омада хал кунад. У ягон одами муъчизаосо аст ми? АЧОИБ....... Ба хар хол орзуи ширин.

Сит
Хай! Ина аз Рогун сухан мекунем! Хамон пуле, ки аз мардум ситонида шуд. Ба фоидаи ки рафт? Бонки Чахони яксол пеш хулосаашро баровард, хукумати мо чи кор кард?

Сит
Офарин бар "Висоли хак"-у, Ансори.....

Мухочир
Ансори миллатро тахкир намегунад шумо дарборихоро танкид мекунад!

Sobir
AGAR URYONU BERISHU BERUN AZ MASCHID GARDED OYO IKTISOD bolo meravad? MUSHKILIHO bar taraf meshavand ?

пуштибон
Шумо пуштибони дин хастед ё не? Чаро вай дар бораи Рогун сухан кунад? Вай дар бораи мушкилоти мусалмонон пурсидааст...Бекоред чи?

Рострав
Хахахаха Хеле хандидам дар бораи Рогун пешрафт тараккиёт илм кайхон хеч муллое сухбат накарда ва сухбат кардан натавонад хам о ба инхо монем мо бюармегардем ба асри Расуллалох ки хонааашон на дар дошту на тиреза.. хамма аз Зартушт то Айни часпилдаанд ки онхо риш доштанд гуфта хол онки Рудаки гуфта буд ки Замона бо ту насозад ту бо замона бисоз , ё Шахри якчашма рафти якчашма шав ба Рости савганд агар хамон бузургон имруз мебуданд риш намемонданд ин риш дар змони имруз пур аз микроб ва вирус аст хайфи мардуми точикам ки ба ин ёвасароён бовар мекунанд .. хамаи ин бовар аст илм нест бовар ин бовари акли кутоху кучаки мардуми бечораи мусулмон аст Хайём барин инсонхои огох ин бахсхоро карданду рафтанд ки аксари он низ ба акл намегунчад гуфта аз он тарафхо хам касе омада нагуфт ки чи хол доранд рафти ки рафти пусидаву лухсида рафти. ин берахмихоро ба Парвардигор тухмат задааанд..

tarma
Аз Ансори талаб дорем км омада хамин Рогунро ба хамин лагандбадорон сохта дихад ки безор карданд хамаро бо Рогун. 23 сол мешавад хеч коре карда наметавонанд бахсро ба ришу румол кашонданд. Илтимос акаи Ансори як бор пахлухои мушкилоти иктисод ва дуругхои Рогунро фош кунед кани бинем боз аз номи кадом вазорату кумита эьтироз менависанд то хандем

сино
аз ҷумла омадааст, “нисбати як миллат сухани нораво гуфтан ва паст задани як миллат аз тарафи ровӣ борҳо мушоҳида шуд,

Муҳаммад Ансорӣ дар ягон ҷои баромадаш миллати тоҷикро таҳқир накардааст баръакс таърифу ситоиш кардааст.У фақат ҳукуматдоронро танқид кардааст ки ҳақ аст.

Чаро дар мавриди сохтмони нерӯгоҳи Роғун ва мушкилоти маснуие, ки дар пеши роҳи он мегузоранд, касе сухан намегӯяд?

Пули Роғӯнро Ансори ҷамъ накардааст ки у бояд гап занад ин савол ба оғои Раҳмон дахл дорад у дили мардумро тариқи ТВ пур кард

шармам меояд авал гуфтан ки нохакки кард Ансори акнун Ансори даъват кард ба баронома бо гапа да рогуну сангтудаю ким кучохо мебаран хайфи шумо ба ин диндори

сарсон
Шумо мегуед дар хама давлат мухочират хаст мо рози факат якто мисли точикистон мухочири хору зору бе сохибро биеред нагзмешуд дуюм дар кадом давлат аз мардумаш барои гес мачбури пул чамкарда фреб кардас сеюм ришу хичоб ба инкорхо чи дахлдорад .

Мудири Донишгохи Исломи собик коргари Кумитаи Дин муовини аввали Холиков аст ва яке аз ашхосест наздик ба Холиков аз у боз чиро интизор шуд , инчо аз донишчуён ранчидан лозим нест .
зинда бод Висоли Хак ки садои мардуми моро ба чахон расонид.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)