Медведев: Модарам замони ҷанг дар Тоҷикистон буд
Дмитрий Медведев, сарвазири Русия, имрӯз, 28 апрел дар намоишгоҳи “Мо ҳама якҷоя зидди фашизм будем” дар Маскав изҳор дошта, ки таърихи Ҷанги Бузурги Ватанӣ набояд таҳриф шавад.
Дмитрий Медведев аз ҷумла таъкид намудааст, ки ғалаба дар ҶБВ бо талоши ҳамаи халқҳои Шӯравӣ ба даст омадааст. Ба иттилои расонаҳои русӣ, Медведев зимни боздид аз гӯшаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи “Мо ҳама якҷоя зидди фашизм будем” зикр кардааст, ки модари ӯ замони ҶБВ дар Тоҷикистон қарор доштааст: “Бо модарам, ки тайи солҳои ҷанг дар Тоҷикистон буд, дар масъалаи ҳаёт дар Тоҷикистон ва кӯмаки мардуми тоҷик ба ҳамаи онҳое, ки замони ҷанг ба ин кишвар рафта буданд, бисёр суҳбат мекардем”.
Сарвазири Русия аз он истиқбол кардааст, ки дар намоишгоҳ ҳамаи 15 кишвари собиқ шӯравӣ иштирок карда, ёдгориҳои таърихии он замонро ба намоиш гузоштаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |