Ҳамзамон,15-мактаб бо хати барқи доимӣ таъмин гаштааст, ки дар хунукиҳо метавонанд бевосита аз гармидиҳандаҳои барқӣ истифода баранд. Дар шаҳри Кӯлоб ҳам барои ин маърака аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ 138.951сомонӣ барои 60 мактаб ҷудо гардидааст. Давлат Амиров, мудири шӯъбаи маорифи шаҳр мегӯяд, дар ҳоли ҳозир беш аз 200 тонна ангишт аз захираҳои соли гузашта дар анбор мавҷуд аст, ки дар сурати даркорӣ ба мактабу боғчаҳо тақсим карда мешавад. Ҳамчунин, 1200 метри кубӣ ҳезум захира шуда, кулли макотибу боғчаҳо шишабандӣ гаштаанд. Амиров мегӯяд, маблағи заруриро барои ҳар мактаб алоҳида ҷудо бояд намуд, то роҳбарият барои баромадан аз мушкилӣ аз харидории кадом маводи сӯхт тавонад, бемалол истифода барад.{jathumbnail off}
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |