Бахшҳо

Убайдуллоев тоҷирони "эътирозгар"-ро моил кард

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, имрӯз, 28 апрел бо тоҷирони норозии бозори “Шоҳмансур” мулоқот намуда, онҳоро барои интиқол ба маркази савдои “Пойтахт -90” моил кардааст.

Сайфулло Амонов, сардори Раёсати рушди иқтисод ва савдои Душанбе ба “Озодагон” гуфт, Убайдуллоев зимни боздид аз бозори “Шоҳмансур” бо беш аз 300 тоҷир мулоқот карда, арзи онҳоро шунид. Амонов афзуд, тоҷироне, ки ба фурӯши маҳсулоти саноатию сохтмонӣ машғуланд, хостанд, барояшон муҳлат диҳанд, то боқимондаи борҳояшонро фурӯшанд: "Аммо ин дархости онҳо рад шуд, чун тоҷирон аллакай 1,5 сол пеш дар мавриди маҳдуд шудани фурӯши молҳои саноатӣ дар бозори “Шоҳмансур” огоҳӣ гирифтаанд".

Раиси Душанбе изҳор доштааст, ки “Шоҳмансур” аз аввал барои фурӯши меваю сабзавот ва маҳсулоти ғизоӣ пешбинӣ шуда буд.

Амонов изҳор дошт, дар пайи мулоқоти Убайдуллоев аллакай 90 фурӯшанда, аз ҷумла 80 фурӯшандаи меваи хушк ва 10 асалфурӯш аз бозори “Шоҳмансур” ба маркази савдои “Пойтахт-90” кӯчонда шуданд. Сардори Раёсати рушди иқтисод ва савдои Душанбе афзуд, шаҳрдорӣ барои онҳо сабукиҳо ироа кардааст: “Якум, ки шароити “Пойтахт-90” ба маротиб беҳтар аст. Агар дар бозори “Шоҳмансур” 240 сомонӣ ҳар моҳ месупориданд, дар “Пойтахт-90” ҳамагӣ 60 сомонӣ пардохт хоҳанд кард”.

Ба таъкиди Сайфулло Амонов, фурӯшандаҳои маслоҳеи сохтмонӣ дар бозори “Шоҳмансур”, агар самти корашонро дигар кунанд, фаъолияташонро дар бозор идома хоҳанд дод.

Ин дар ҳолест, ки Акбар, савдогари меваи хушк дар бозори “Шоҳмансур” ва яке аз иштирокдорони мулоқот ба “Озодагон” гуфт, имрӯз, 28 апрел патенташро баста, қасди муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русияро равад.

Ҳафтаи гузашта тоҷирони бозори “Шоҳмансур” аз қарори Убайдуллоев барои маҳдуд кардани савдои бархе аз маҳсулот дар ин бозор эътироз карда, барои изҳори назар назди идораи Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон ҷамъ шуданд. Онҳо гуфтанд, дар ҳоле фурӯши бархе аз маҳсулот дар “Шоҳмансур” манъ шудааст, ки аз бонкҳо қарз гирифта, тиҷораташонро ба роҳ мондаанд.

Қаблан шаҳрдории Душанбе эълон кард, ки аз якуми майи соли равон фурӯши бархе молу маҳсулот дар бозори "Шоҳмансур"-и пойтахт бо мақсади аз байн бурдани савдои кӯчагӣ, таъмини бехатарию ҳаракати муназзами воситаҳои нақлиёт маҳдуд мешавад. Дар ҷаласаи шаҳрдорӣ зикр гардид, ки бо назардошти ихтисори фурӯши бархе аз молу маҳсулот дар бозори "Шоҳмансур" соҳибкорон имкон доранд фаъолияти худро дар маҷмааи савдои "Пойтахт-90", ки моҳи сентябри соли 2014 дар рӯзҳои ҷашни Истиқлоли кишвар ба истифода дода шуд, ба роҳ монанд.
Мӯҳр
Офарин Раиси мухтарам шахри Душанберо вокеан хам зебо кардаистодаед. Лекин сокинони Душанбе инчизро дарк карда наметавонанд. Аз мардум хохиш менамоям ки 10сол пеши душанберо бинед е 15-20сол пешро бинеду имруз бинед пешравию ободиро. Раис Худо сад сола шави ва хамрох бо Чаноби Оли мисли имрузхо хамфикру хамкору дуст боки монед. Душманхо аз хукумати имруза нанолед ба Худо касам кур мешавед

Ба фикри ман ин кор хеле хуб мебошад чун ки чанд кадар фурӯши меваю сабзавот ва маҳсулоти ғизоӣ дар бозор зиё шавад ракобот хам зиёд мешавад ва нарх хам бояд поён шавад!

умия
магар меваи хушк ва асал маводи гизои намебошад, ки фурушандагони ин намуд махсулот кучонида шудаанд.

Убайдуллоев кор карда истодааст. хеле хуб

Ба Asror. Бале, Убайдуллоев бо дастури раиси бозори Шохмансур КОР карда истодааст.

С
Раиси мухтарам Мухамадсаид Убайдуллоев раиси бозори шохмансурро хам аз вазифааш сабукдуш мекард хеле хуб мешуд. Мо аз раис рози розийем ва мо мукобили суханони Убайдуллоев нестем...

Султон,
султон ту чи кури намебини? нархи свет чанд буд чанд шид? налоги хона мошин замин чанд буд чанд шид? ку ягон камбагал дар 10 чо хона мошин дорад? ту чи аз авлоди инхо хасти? ту як бор аз банк карз гир бо 47 фоиз баъд мефахми калон гап назан

Ш Душанбе
Бозори Шохмансур бардошта шавад аз маркази шахр тамоман ба асри 21 чавобгу намебошад...хулоса хаматарафа чавобгуи шахрамон нест...ин бозорро дар тарафи хисор байни чориякарон ва учкул сохта шавад..саломат бошед бо дикататон..

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)