Талоши зани қирғиз барои вуруди арақи қочоқӣ ба Тоҷикистон
Корманди гумрук дар вилояти Бадахшон аз вуруди ғайриқонунии 240 шиша арақи истеҳсоли Қирғизистон ба қаламрави Тоҷикистон ҷилавгирӣ кардаанд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Бадахшон дар дидбонгоҳи «Қизил-Арт», зимни тафтиши автомашинаи «Зил-130”, аз доҳили он 240 шиша арақ, ки ба шаҳрванди Қирғизистон Кабаева Элмира тааллуқ дошт, ошкор ва мусодира кардаанд.
Манбаъ мегӯяд, Кабаева мехост бидуни бақайдгирӣ ва назорати гумрукӣ ин шишаҳои арақро ба қаламрави Тоҷикистон ворид намояд: “Оиди ин амал парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 579-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон оғоз гардидааст”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |