7,5 соли зиндони ду тоҷик барои фурӯши метадон
Додгоҳи Воронеж ду шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар паҳн ва фурӯши метадону ҳероин муттаҳам мешуданд, 7,5 солӣ аз озодӣ маҳрум кардааст.
Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, Бахтовар Хушматови 25-сола ва Рамазон Туйчиеви 27-сола ин муҳлатро дар колонияи низомаш шадид сипарӣ мекунанд.
Додситонии вилоятии Воронеж гуфтааст, ин ду ҷавон аз оғози моҳи декабри соли 2013 то феврали соли 2014 ба паҳн ва фурӯши метадон ва ҳероин машғул будаанд: “Фаъолияти ҷиноии Хушматов ва Туйчиев аз сӯи кормандони Раёсати Хадамоти федеролии назорати маводи нашъадор дар вилояти Воронеж ошкор шуда, аз онҳо 112 грамм метадон ва беш аз 1,6 кг ҳероин ёфт ва мусодира гардид”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |