Аfghanistan.ru: Дар Кундуз ҷангиёни тоҷику чечен кушта шудаанд
Расонаҳои Афғонистон мегӯянд, дар пайи задухӯрдҳои мусаллаҳона дар вилояти Кундуз дасти кам 45 ҷангӣ маҳв шудааст.
Бино ба иттилои аfghanistan.ru, миёни ин ҷангиён зодагони Тоҷикистону Чеченистон ҳам ҳастанд. Манбаъ мегӯяд, дар пайи муташаниҷ шудани авзоъ дар Кундуз Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳур сафари дар нақшабудааш ба Ҳиндустонро барои чанд соат мутавақиф кард: “Сарвари давлат тасмим гирифт, сафари хориҷияшро барои чанд соат мавқуф бигзорад. Дар қасри раисҷумҳур Ашраф Ғанӣ вазъи Кундузро бо раҳбари миссияи НАТО генерал Ҷон Кэмпбелл ва раҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон баррасӣ намуд”.
Расонаҳои хабарӣ мегӯянд, тайи се рӯзи ахир ҷангҳо дар Кундуз, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, шиддат гирифта, минтақаҳои Алиобод, Имом Соҳиб ва Гуртеппаро фаро гирифтааст. Ба иттилои мақомоти вилояти Кундуз, ҳудуди 65 дарсади қаламрави вилоят ҳоло зери назорати Толибон даромадааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |