ФФТ бо 500 ҳазор доллари ФИФА соҳиби студияи сайёр шуд (АКС)
Федератсияи футболи Тоҷикистон мегӯяд, соҳиби як студияи сайёр шудааст, ки дар кишвар назир надорад.
Бино ба иттилои торнамои расмии ФФТ, ин студияи сайёр, ки бо формати HD сабт мекунад, бо 500 ҳазор доллар сармояи Федератсияи байналмилалии футбол “ФИФА” харидорӣ шудааст: “Ин студияи сайёри телевизионӣ дар чорчуби роҳандозии лоиҳаи “Income Generation”-и ФИФА харидорӣ шуд. Он бо навтарин технологияи муосир муҷаҳҳаз буда, дар Тоҷикистон назир надорад”.
Манбаъ мегӯяд, ин студияи сайёрро аллакай дар бозии даври сеюми чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои “Истиқлол” – “Парвоз” (8:0), ки шанбеи 25 апрел баргузор шуд, таҷриба кардаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |