Сержанти милиса хонандаи синфи 10-ро аз ғарқшавӣ наҷот додааст

Боз як корманди мақомоти пулис дар шаҳри Хуҷанд духтараки ноболиғеро, ки қасди худкушӣ доштааст, наҷот додааст.
Акбар Шарифов - масъули дафтари матбуотии Раёсати корҳои дохилӣ дар Суғд ба “Озодагон” гуфт, рӯзи 25 апрели соли равон, тахминан соатҳои 10:00, толибилми синфи 10-и яке аз макотиби шаҳри Хуҷанд худро аз болои пул ба дарёи Сир партофтааст: “Сержанти милиса, корманди Хизмати посбонию пайраҳадории милисаи Шӯъбаи ВКД дар шаҳри Хуҷанд Алишер Шарифов аз паси ин духтари ноболиғ худро ба дарё партофта, ӯро наҷот додааст”.
Манбаъ афзуд, Алишер Шарифов аз моҳи декабри соли 2014 ба ин сӯ дар Хизмати посбонию пайраҳадории милисаи Шӯъбаи ВКД дар шаҳри Хуҷанд кор мекунад.
Аз аввали соли равон ин сеюмин ҳолатест, ки кормандони мақомот аз худкушии одамон дар маркази маъмурии Суғд ҷилавгирӣ мекунанд. Қаблан, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон эълон кард, 19 апрел кормандони ин ниҳод як духтари 19-соларо, ки худро аз болои пули Исмоили Сомонӣ ба дарёи Сир партофтааст, наҷот додаанд. Рӯзи 25 март бошад, Парвизҷон Ёқубов, сержанти милиса Мавзуна Зокироваи 28-сола, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро, ки бо қасди худкушӣ худро ҳамчунин аз болои пули дарёи Сир ба зер афканд, аз ғарқшавӣ наҷот дод.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |