АКС: Ваъдаи Вазорат барои берун овардани тоҷикон аз Непал
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, тамоми имконоташро барои берун кардани тоҷикон аз минтақаи офат дар Непал равона кардааст.
Ин ниҳод, 27-уми апрел бо бо пахши як иттилоия гуфт, дар пайи заминларзаи шадид, аз вазъи гуманитарӣ дар Непал нигарон аст ва аз тоҷикистониёни муқими Непал даъват намудааст, аз эҳтиёт кор бигиранд.
Вазорати умури хориҷӣ таъкид мекунад, ки феълан сафоратҳои Тоҷикистон дар Ҳиндустон ва Русия ба масоили таъмини амнияти тоҷикон дар Непал машғул буда, бо онҳо пайваста дар тамосанд. Бар бунёди ин иттилоия, дар ҳоли ҳозир сафоратҳои Тоҷикистон дар Ҳундустон ва Русия бо шаҳрвандони Тоҷикистон дар тамос ҳастанд: “Аз ҷумла берун кардани тоҷикон аз Непал бо мусоидати Вазорати корҳои фавқулодаи Русия баррасӣ шуда истодааст”.
Мирзошариф Ҷалолов, сафири Тоҷикистон дар Ҳиндустон дар ин робита ба “Озодагон” гуфт, шаҳрвандони Тоҷикистон дар Непал барои тамос бо сафорати Руссия мушкил доштанд, ки мо онро ҳал кардем: “Телефонҳои тамос ва шахсони масъули сафорати Русия дар Катмандуро пайдо карда, ба тоҷикони муқими Непал додем, то барои кӯмак муроҷиат кунанд. Бо мушовири сафорати Русия дар Непал ҳамсуҳбат шудем ва онҳо изҳор доштанд, ки барои кӯмак ба тоҷикон омодаанд”.
Ин дар ҳолест, ки қаблан тоҷикони муқими Непал дар пайи заминларзаҳои харобиовар дар ин кишвар аз мақомоти Русия ва Тоҷикистон хоҳиш доранд, барои бозгашт ба Ватан ба онҳо кӯмак кунанд.
Ҷӯрахон Маматов, корманди Созмони байналмилали муҳоҷират, ки феълан бо аҳли оилааш дар як хайма дар Непал зиндагӣ мекунад, дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ба маълумоти ӯ дар ин кишвар 5 оила аз Тоҷикистон зиндагӣ дорад: “Дар маҷмӯъ аз 18 шаҳрванди Тоҷикистон хабар дорам, ки ҳоло дар Непаланд ва 9 тан аз онҳо кӯдакон мебошанд. Хушбахтона касе аз тоҷикон дар пайи зилзилаҳо осеб надидааст”.
Маматов мегӯяд, онҳо талош доранд, барои тарки Непал ба кормандони Вазорати корҳои фавқулодаи Русия, ки дар ин кишвар қарор доранд, муроҷиат кунанд: “Вале то имрӯз, ба хотири набудани алоқа ва вайронии роҳҳо муваффақ нашудем, ки ба мақомоти Русия муроҷиат кунем. Имрӯз ҳам талош мекунем, ки бо МЧС-и Русия тамос бигирему кӯмак талаб кунем”.
Ин шаҳрванди Тоҷикистон инчунин аз Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ҳам хоҳиш дорад, барои берун рафтанашон аз Непал ба онҳо мусоидат кунанд.
Заминларзаи 7 дараҷаӣ дар Непал субҳи рӯзи шанбе ба вуқӯъ пайваст. Маркази он шаҳри Катманду, пойтахти Непал гуфта мешавад. Бино ба гузоришҳо дар пайи заминларзаи рӯзи шанбе ва зилзилаҳои ахир се ҳазор нафар кушта, ҳазорҳо тани дигар маҷруҳ шудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |