Баҳси мансаби нави Шоҳиён ва ташкили гуруҳҳои дӯстӣ дар Парлумон

Вакилони Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии парлумони кишвар фардо, 28 апрел лоиҳаи қонун “Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015”-ро ба баррасӣ хоҳанд гирифт.
Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси Намояндагон дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, дар ин бора рӯзи 27 апрел дар ҷаласаи охири Шӯрои палатаи поёнии парлумон, ки зери раҳбарии Шукурҷон Зуҳуров баргузор шуд, қароре қабул гардид.
Инчунин, вакилони Маҷлиси Намояндагон лоиҳаҳои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Созишнома оид ба ҳифзи техникии иттилоот дар Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони Ҳамкории Шанхай, Дар хусуси Конвенсия оид ба пешгирии ҷинояти генотсид ва ҷазо барои он, лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон “Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бозхонд намудани Шоҳиён Шермуҳаммад аз вазифаи раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро ба баҳс хоҳанд кашид.
Оқои Султонов гуфт, аъзои Шӯрои Маҷлиси Намояндагон дар бораи аъзои Гуруҳи миллии Тоҷикистон дар Иттиҳоди байнипарлумонӣ, аъзои Гуруҳи миллии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Парлумонии кишварҳои аъзои Созмони конфронси Исломӣ, ташкили Гуруҳи ҳамкорӣ миёни Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва Парлумони Аврупо, Гуруҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо Ассамблеяи миллии Ветнам, Гуруҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо Вулуси Ҷиргаи Шӯрои Миллии Афғонистон, Гуруҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо ал-Маҷлис-ул-Иттиҳоди-ул-Ватани Аморати Муттаҳидаи Араб, Гуруҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо Маҷилиси Парлумони Қазоқистон, Гуруҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо Жогорку Кенеши Қирғизистон, Гуруҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо Маҷлиси Миллии Давлати Қувайт (Маҷлис-ал-Уммаҳ), Комиссияи байнипалатагии парлумонӣ байни Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва Думаи давлатии Русия, Гуруҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо Маҷлиси Туркия, Гуруҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо Палатаи қонунгузории Оли Маҷлиси Узбекистон, Гуруҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо Маҷлиси умумихитоии намояндагони халқи Чин, Гуруҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон, Гуруҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо Рийгикогуи (парламент)-и Эстония, Гуруҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо Палатаи намояндагони Маҷлиси миллии Беларус, аъзои кумитаҳои умумии Ассамблеяи парлумонии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ва аъзои Гуруҳи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ассамблеяи парлумонҳои Осиё қарор қабул кардаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |