Андуҳи Эмомалӣ Раҳмон аз заминларзаи пурқурбонии Непал
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар иртибот ба заминларзаи пурқурбонӣ дар Непал унвонии президенти ин кишвар -- Рам Баран Ядав барқияи тасаллият ирсол кардааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуотии раисиҷумҳур дар ин барқия аз ҷумла гуфта мешавад, “Ҷаноби Олӣ, Хабари заминларза дар кишвари Непал, ки боиси ҳалокати ҳазорон шаҳрвандон ва хисороти бузурги моддӣ гардид, моро сахт андӯҳгин намуд”.
“Аз номи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ҳамдардии амиқи худро ба халқи дӯсти Непал бо ин талафоти бузург баён намуда, ба наздикони ҳалокшудагон тасаллиёти самимии хешро изҳор медорам.Ба осебдидагон шифои комил орзумандам”,-гуфта мешавад дар идомаи ин нома.
Бино ба иттилои хабаргузориҳо, дар пайи заминларзаҳои пайдарпай дар Непал беш аз 2 ҳазор нафар ба ҳалокат расида, дасти кам 4700 кас ҷароҳат бардоштаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |