Пирӯзии ду писари Убайдуллоев дар сабқати Ҷоми пойтахт
Ҷамолиддин Убайдуллоев, сардори Раёсати созмонҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷӣ ва писари Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе ғолиби мусобиқаи кушод миёни дӯстдорони теннис барои Ҷоми Пойтахти Тоҷикистон эълон шудааст.
Тавре аз Кумитаи миллии олимпии кишвар хабар доданд, Убайдуллоев дар сабқати ниҳоӣ ба рақиби худ - Қосим Раҷабмадов, корманди масъули Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон пирӯз шуда, бо Ҷоми Пойтахт ва медали тило сарфароз шудааст.
Манбаъ мегӯяд, дар ин мусобиқа писари дигари Убайдуллоев - Амирҷон Убайдуллоев, муовини мудири шӯъбаи молияи Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон низ иштирок дошта, ҷойи сеюмро касб кардааст. Дар ин қувваозмоӣ ҷойи дуюм насиби Қосим Раҷабмадов ва мақоми чаҳорум насиби Баҳодур Ҳомидов, прокурори ноҳияи Синои Душанбе шудааст.
Мусобиқаи кушод миёни дӯстдорони теннис барои дарёфти Ҷоми Пойтахти Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 рӯзҳои 25-26 апрел дар Қасри тенниси шаҳри Душанбе баргузор шудааст.Дар акс Ҷамолиддин Убайдуллоев
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |