50 нафар аз ҷавонони шаҳру ноҳияи Кӯлоб барои адои қарзи фарзандӣ дар назди Ватан рӯзи 3-юми октябр бо даъвати комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд.
Дар саҳни ҳавлии комиссариат ба ин муносибат ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки раиси шаҳр, собиқадорони ҷангу меҳнат, фаъолон ва волидайни даъватшавандагон доир гардид. Ҳамид Абдуллоев, мири шаҳри Кӯлоб дар назди ҳозирин суханронӣ карда, эшонро барои хизмати содиқона ба Ватан даъват кард. Қайд гардид, ки 20 нафар аз даъватшудагон ихтиёрӣ ариза навишта, ба комиссариат ҳозир шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, Сӯҳробшоҳи Фаррухшо, масъули бахши иттилоотии раиси шаҳри Кӯлоб ба хабарнигори маҳаллии «Озодагон» гуфт, ихтиёрони хизмати сарбозӣ аз Кӯлоб ҳамасола зиёд мешаванд. Дигар ба таври ба истилоҳ «облава» ҷамъоварии ҷавонон барои хизмати аскарӣ тақрибан аз байн рафтааст. Дар маросими гусел, намояндагони ҳукумати маҳаллӣ барои наваскарон сару либоси якхела ва тӯҳфаҳо тақдим намуданд.Тибқи иттилои аз ноҳияи Фархор расида, рӯзи 3-юми октябр дар он ҷо низ 50 нафар аз ҷавонони ба хизмати ҳарбӣ гуселонида шуданд, ки қисмати зиёди онҳоро ихтиёриён ташкил додааст.
{jathumbnail off}
Мӯҳр