(ВИДЕО) Муовини вазир: Барои риштарошии маҷбурӣ милисаҳоро ҷазо медиҳем
Икром Умарзода, муовини вазири умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, маъракаи риштарошии маҷбурӣ дар кишвар ғайриқонунӣ буда, милисаҳои дастандаркор муҷозот хоҳанд шуд.
Умарзода имрӯз, 27-уми апрел дар ҳошияи ҳамоиши «Ҳамкории милитсия ва ҷомеа: кор бо Шӯроҳои ҷамъиятӣ ва ВАО» дар Душанбе дар посух ба суоли "Озодагон" гуфт, расман Вазорати умури дохилӣ ҳеч дастуре барои риштарошӣ надодааст ва ҳолатҳои риштарошии маҷбурие, ки ҷой доранд, ин кори худсаронаи бархе аз кормандони милиса аст: “то ҳол ба Вазорат се шикоят ворид шудааст. Нисбати ду корманди милиса, яке аз Суғд ва дигаре аз навоҳии тобеи марказ чораандешӣ хоҳад шуд. Ҳоло ҷазои ниҳоӣ барояшон таъин нашудааст. Ҳар шикояте, ки аз ҷониби мардум ба ВКД ворид мешавад, баррасӣ мегардад ва дастандаркорони қонуншиканиҳоро муҷозот мекунем”.
Муовини вазири умури дохилӣ афзуд, ки ҳадафи ҳамоиши “Ҳамкории милитсия ва ҷомеа” ҳам дар он аст, ки аз худсарии бархе аз кормандони милиса ҷилавгирӣ карда шавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |