Сабти аввалин клипи тоҷикӣ бо “Red Dragon” дар Тошканд
Фаридуни Хуршед, овозхони ҷавони поп дар шаҳри Тошканди Узбакистон бар ду таронаи наваш клип бардоштааст.
Диловари Мизроб, продюсери Фаридун ба “Озодагон” гуфт, сабти клипҳои “Ҳарфи дил” ва “Ошиқат ҳастам” аллакай ба анҷом расида, ҳоло мутахассисон ба танзими онҳо машғуланд: “Идеяи клипҳо аз ман аст. Онҳоро Абдувоҳид Раҷабов коргардонӣ карда, кори пардозгариро Лидия Андрей анҷом додааст”.
Оқои Мизроб мегӯяд, Фаридун нахустин сарояндаи тоҷик аст, ки клипҳояш бо дурбини “Red Dragon” наворбардорӣ шудаанд: “Ин дурбинҳо хело бо сифати баланд навор мегиранд. Тамошобин баъди дидани онҳо фарқиятро эҳсос хоҳанд кард”.
Фаридуни Хуршед соли 2011 рӯи саҳнаи хонандагӣ омадааст. Ӯро таронаи “Эмануэла” маъруф кард. Соҳиби як маҷмӯаи таронаҳо бо номи “Азизи ман” аст. Соли сипаришуда ҷоизаи “Падидаи сол”-и Big Apple Music Awards-2014-ро ба худ ихтисос дод.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |