Вохурии Зоҳидӣ бо Абдулваҳҳоб ал-Бадр дар Кувайт
Низомиддин Зоҳидӣ, муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон, ки дар доираи як сафари корӣ дар Кувайт қарор дорад, бо Абдулваҳҳоб ал-Бадр, директори генералии Фонди кувайтӣ оид ба рушди иқтисодиёти араб мулоқот кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии кишвар, ин вохурӣ рӯзи 26 апрел баргузор шуда, дар он масоили вобаста ба ҳамкории Тоҷикистон бо ин фонд баррасӣ шудааст.
Манбаъ мегӯяд, дар ин вохурӣ раҳбари Фонди кувайтӣ ҳавасмандии худро барои вусъат бахшидани ҳамкориҳои судманд дар татбиқи лоиҳаҳои инфрасохтории Тоҷикистон изҳор доштааст.
Ҳамкорӣ миёни Фонди кувайтӣ оид ба рушди иқтисодиёти араб ва ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2001 ба ин сӯ ба роҳ монда шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |