Сешанбе, 1 Апрел 2025
Рекорди нави қурби доллару евро дар Душанбе

Қурби як доллари амрикоӣ дар нуқтаҳои саррофии шаҳри Душанбе имрӯз, 27 апрел ба 6,50 сомонӣ расидааст, ки ин нишондод ҳафтае қабл ба 6,40 сомонӣ баробар буд.
Дар бархе нуқтаҳои мубодилаи асъори маркази Душанбе, арзиши доллар зимни фурӯш 6,5 сомонӣ ва зимни харид 6,48 сомонӣ нишон дода шудааст. Қурби як евро низ дар пойтахти Тоҷикистон ба ҳадди рекордӣ расида, аз 7,0 сомонӣ гузаштааст.
Дар баробари евро ва рубл қурби 1000 рубли русӣ низ дар кишвар баъди уфти якҳафтаина боз майли гаронӣ карда, аз 125 сомонии ҳафтаи гузашта, имрӯз, 27-уми апрел ба 130 сомонӣ баробар шудааст.
Болоравии асъори хориҷӣ дар ҳолест, ки Бонки миллии Тоҷикистон аз 17 апрел фаъолияти тамоми нуқтаҳои мубодилаи асъори шахсони воқеиро манъ кардааст.
Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, бо дастури Бонки миллии Тоҷикистон аз 16 апрели соли равон бо мақсади таъмини устувории бозори дохилии асъор, суботи қурби сомонӣ ва ҳифзи манфиатҳои муштариёни ташкилотҳои қарзӣ аз 17 апрели соли ҷорӣ сар карда, фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъори шахсони воқеӣ дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ боздошта мешавад.
Манбаъ гуфт, тибқи дастури мазкур ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ уҳдадор карда мешаванд, ки ҳар як амалиёти фуруши доллари амрикоии нақдро ба мизоҷон ва ё ба шаҳрвандон бо таври махсус бо дарҷи тамоми мушаххасоти шахсияти онҳо анҷом дода, ба расмият дароранд.
Гарчанде ҳадаф аз ин қарор суботи қурби сомонӣ арзёбӣ шудааст, воқеият баёнгари натиҷаи баръакс аст. Бонки миллии Тоҷикистон қаблан теъдоди нуқтаҳои саррофиро дар кишвар беш аз 1,5 ҳазор адад арзёбӣ кард, ки 818 тои он ба шахсони воқеӣ марбут аст ва дар пайи иқдоми Бонки Миллӣ ин афрод аз ҷойи кор маҳрум монданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |