Нурсултон Назарбоев панҷ соли дигар президенти Қазоқистон хоҳад буд
Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури феълии Қазоқистон барандаи интихоботи пеш аз муҳлати ин кишвар эълон шудааст.
Комиссияи интихоботи Қазоқистон (КИҚ) гуфтааст, ба ҷонибдорӣ аз Назарбоев 97,5 дарсади интихобкунандаҳо овоз додаанд. Интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ дар Қазоқистон рӯзи якшанбе (26 апрел) баргузор шуд ва ба иттилои КИҚ беш аз 95 дарсади мардуми дорои ҳаққи раъй дар он иштирок кардаанд.
Дар баробари Назарбоев, Тургун Сиздиқов, раиси Ҳизби коммунистӣ ва Абелгазӣ Кусаинов, раиси Иттиҳодияҳои синфии Қазоқистон довталаби курсии президентӣ буданд. Нурсултон Назарбоев баъд аз суқути Шӯравӣ ва истиқлол ёфтани Қазоқистон дар соли 1991 ин кишварро раҳбарӣ мекунад.
Қарор буд, интихоботи президентии Қазоқистон дар моҳи апрели соли 2016 баргузор шавад, аммо бо далели ба интихоботи парлумонӣ рост омадани он Анҷумани халқи Қазоқистон пешниҳод кард, як сол қабл гузаронда шавад. Баргузории интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ дар Қазоқистон таҷрибаи наве нест. Чор соли пеш дар ин кишвар чунин як интихобот баргузор шуд ва КИҚ эълон кард, Назарбоев 95,5 дарсади овозҳоро соҳиб шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |