Шикояти “ИмрӯзNews” аз пирӯзии Рустам Ҳукумов ба СММ
Гулечеҳра Холматова, вакили мудофеи “ИмрӯзNews” мегӯяд, аз қарори додгоҳи Тоҷикистон, ки нашрияи зерҳимояашро ба пардохти 50 ҳазор сомонӣ ҷубронпулӣ ба Рустам Ҳукумов, писари собиқ раиси корхонаи роҳи оҳани кишвар муваззаф кард, ба Созмони милали муттаҳид аризаи шикоятӣ таҳия кардааст.
Холматова имрӯз, 25-уми апрел зимни конфронс дар мавзӯи мушкилоти ҳимояи ҳуқуқии ВАО ва таъқиби беасоси судӣ дар Душанбе гуфт, аризаи даъвогии ӯ омода аст ва ояндаи наздик дар Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони милллали муттаҳид мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт. Ҷониби “ИмрӯзNews” бо вуҷуди он, ки тибқи қарори додгоҳ 50 ҳазор сомонӣ ҷубронпулиро ба Рустам Ҳукумов пурра пардохт намудааст, пирӯзии Ҳукумовро дар ин баҳси додгоҳӣ беасос хонда, талаб дорад, ки адолат барқарор шавад.
Қаблан Рустам Ҳукумов, писари Амонулло Ҳукумов (Амонуллоҳи Ҳукуматулло), собиқ раиси корхонаи «Роҳи оҳани Тоҷикистон», рӯзномаи «ИмрӯзNews» - ро дар паст задани шарафи худ муттаҳам карда, 50 000 сомонӣ ҷуброн талаб карда буд ва додгоҳ ин дархосташро қонеъ кард. Норозигии аслии Рустам Ҳукумов, ба як навиштаи рӯзнома, таҳти унвони «Боқиев ва Ҳукумов «дарди сар» - и падарҳо шудаанд», рабт дорад, ки «ИмрузNews» онро 16-уми октябри соли 2012 нашр кардааст. Назири Нусрат, муаллифи матлаб мегӯяд, қазияҳои боздошти Ҳукумов ва Максим Боқиев, писари раисиҷумҳури собиқи Қирғизистонро ба баррасӣ кашида, дар навиштааш дар ягон ҷо ба таҳқир роҳ надодаст.
Рустам Ҳукумов соли 2008 ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир дар Русия ба 9 соли зиндон маҳкум шуда буд, вале баъди 3,5 сол ба гуфтаи падараш сафед гардида, соли 2011-ум раҳо гардид.
Номи Рустам Ҳукумов бори дигар баъди он вирди збон шуд, ки моҳи октябри соли гузашта дар маркази ноҳияи Айнӣ зимни як роҳбандӣ бо истифода аз таппончаи пневматикӣ тирпаронӣ карда, аз ҷои ҳодиса фирор кард. Мақомоти ноҳияи Айнӣ ҳам тасдиқ карданд, ки воқеан Рустам Ҳукумов боиси хархаша шуда, то дидбонгоҳи навбатии БДА рақамҳои мошинро иваз карда, мехоҳад фирор кунад, аммо кормандони милиса ӯро таъқиб карда, боздошт мекунанд: “Аз ҷониби ШКД-и ноҳия нисбат ба ин ҳодиса санад тартиб дода, ба прокуратураи ноҳия ирсол шудааст.”
Аммо Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, 16-уми январи соли равон зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, аз рӯи қазияи тирпаронии Рустам Ҳукумов дар ноҳияи Айнӣ тамоми парвандаҳо таҳия ва ба суд ирсол шуданд ва гунаҳкорон муҷозот гардиданд. Ба суол, ки оё шахсан Рустам Ҳукумов ба ҷавобгарӣ кашида шуд, вазири умури дохилӣ посух дод, дар ёдаш нест. Дар маҷмӯъ ӯ таъкид намуд, дар қазия силоҳи ҷангӣ истифода нашудааст ва иштирокдорон асосан ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |