Ваъдаи муовини додситони кулл ба муовинони Кабирӣ дар мавриди фишорҳо
Додситонии кулли Тоҷикистон ба муовинони Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии кишвар ваъда додааст, ки тамоми “фишор”-ҳои мақомоти иҷроия, умури дохилӣ ва амният болои аъзои ин ҳизб дар доираи қонун омӯхта хоҳанд шуд.
Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини раиси ҲНИТ имрӯз, 25-уми апрел дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, бо дастури Шӯрои сиёсии ҲНИТ ӯ ва Сайидумар Ҳусайнӣ ба қабули Прокуратураи генералии Тоҷикистон рафтанд: “Бо яке аз муовинҳои додситони кулли Тоҷикистон мулоқот карда, доир ба таҳдиду фишорҳо болои аъзо ва ниҳодҳои ҲНИТ аз ҷониби мақомоти амният, умури дохила ва ҳокимияти иҷроияи маҳал далелҳо пешниҳод кардем. Муовин ваъда доданд, ки тамоми арзу шикоятҳои моро шахсан ба додситони кулли кишвар, ки феълан дар хориҷ қарор доранд, мерасонанд. Ваъда доданд, ки тамоми далелҳои пешниҳодкардаи моро дар доираи қонун омӯхта, чораандешӣ хоҳанд кард”.
Ин мулоқот дар ҳолест, ки аъзои ҲНИТ аз фишори пайвастаи мақомот шикоят мекунанд, ки ба гуфтаи онҳо ба бадномсозии аъзо ва ҳатто эҳтимоли бастани ҳизб нигаронида шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |