Бахшҳо

ВИДЕО: Пешниҳоди ҷомеаи журналистӣ барои бозбинии ҳукми Исмоилов

Иштирокчиёни конфронси ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи мушкилоти ҳимояи ҳуқуқии ВАО ва таъқиби беасоси судӣ, имрӯз, 25-уми апрел пешниҳод карданд, ки дар арафаи Рӯзи озодии матбуот ва ҷомеа мақомот ба қазияи Маҳмадюсуф Исмоилов, рӯзноманигори маҳкумшуда дар Суғд расидагӣ кунанд.

Иштирокчиёни ин конфронс, ки феълан дар Душанбе идома дорад, зарур хонданд, ки созмонҳои журналистӣ бо як муроҷиатнома аз Додгоҳи Олии Тоҷикистон дархост кунанд, то қазияи Маҳмадюсуф Исмоилов, журналисти маҳкумшуда ба 11 соли зиндон бозбинӣ шавад. Ташаббускорони ин иқдом муътақиданд, ки 11 соли зиндон ҳукми сангин буда, татбиқи он нисбати як журналист аз рӯи адолат нест.

Оқои Исмоилов ҳанӯз охирҳои моҳи июни соли 2013 аз сӯи мақомоти умури дохилӣ боздошт гардида буд. ВКД он вақт дар иттилоияи худ гуфт, Исмоилов кӯшиш дошт, аз Санавбар Аҳадова, як сокини ноҳияи Ашт, 100 доллар “пора” бигирад. “Рӯзи 21 июни соли 2013 дар ҳудуди шаҳраки Шайдон шаҳрванд Маҳмадюсуф Исмоилови 53-сола, аз Санавбар Аҳадова бо таҳдиди ифшои маълумоти бадномкунанда бо роҳи тамаъҷӯӣ 100 сомонӣ гирифтааст. Маҳмадюсуф Исмоилов боз такроран рӯзи 24 июн барои нашр накардани ин маълумот бо роҳи тамаъҷӯӣ 100 доллари амрикоӣ талаб менамояд”,-таъкид шуда буд дар хабарномаи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон.

Аммо дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ гуфта шуд, ки оқои Исмоилов натанҳо аз Санавбар Аҳадова, балки аз чаҳор сокини дигари Ашт ҳудуди 6 ҳазор сомонӣ “пора” гирифтааст. Иттилое, ки Муҳаммадюсуф Исмоилов онро ба куллӣ рад карда, танҳо сад доллари Санавбар Аҳадоваро кумакпулӣ донист, на ришвату пора. Вай гуфт, аслан аз касе тамаъҷӯӣ накардааст ва ҳаргуна қарори додгоҳро дар нисбати худ ноадолатӣ мешуморад.

Дар пайи омӯзиши қазия додгоҳ Исмоиловро ба 11 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.

Муҳаммадюсуф Исмоилов танҳо сарпарасти хонаводааш аст, ки ду кӯдаки хурд дорад ва инчунин, нигоҳубини хоҳари бузургаш, ки маъюб аст, ба дӯши ӯ мебошад. Ин барои бори дувум аст, ки оқои Исмоилов ба гумони тамаъҷӯӣ боздошт мешавад. Соли 2010, замоне ки ӯ ба ҳафтаномаи мустақили “Нури зиндагӣ” гузориш медод, мақомот ӯро бо ҷурми туҳмату таҳқир, маҳалгароӣ ва тамаъҷӯӣ боздошт карда буд. Вале дар моҳи октябри соли 2011 таҳти фишори созмонҳои маҳаллӣ ва байналмилалии дифоъ аз озодии матбуот аз боздоштгоҳи муваққати шаҳри Хуҷанд раҳо гардид.


Мӯҳр
Ана адолат. Мансабдорони давлати, аз чумла муфаттишони прокуратура ва чонишини Раиси Суди Оли Нуров дар казияи Исфарагихо аз 50 то 150 000 доллар пора гирифтанд ва гунохашон исбот шуд, вале хеч яке аз онхо як сол хам хукм нагирифтанд. аммо як журналист бо гирифтани 100 доллар 11 сол гирифт.

али
Барои сад сомон 11 сол, барои хамхобаги бо духтари ноболиги семичка фуруш 2 сол? Кани адолати суди? Мухтарам судяхо конунро дар тарозуи инсоф ва акл санчида хукм бароред....

ш Душанбе
Чаримааш кунен чавоб дихен равад...охир мусулмониатона нишон дихен мухтарам Додгоҳи Олии Тоҷикистон....охир одам накуштааст , ба монанди дигаррон бо мошини шахсиаш 3-4 касрро накуштааст ,хиёнат накардааст , рахм кунед..рахм кунед...Ана адолат мардум бошумо мехр мебанданд .....

озод
Окибати маколахо

Ин рузноманигорхо хам аз хад гузарониданд бигзор конун чизеро талаб мекунад хамон шавад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)