Шӯбаи ҳамкории ҳарбии сафорати ИМА ба парваришгоҳи рақами 1-и шаҳри Душанбе ба маблағи $2770 доллар кӯмак кард.
Тибқи иттилои сафорати мазкур, ин таҷҳизот, ки аз асбобу фанноварӣ барои ошхона ва таҳияи ғизо иборатанд, 130 кӯдаки ятимро бо сифати ғизо ва сатҳи тозагӣ таъмин мекунад. Гуфтанист, подполковник Ҷозеф Гросс ва бону Фирӯза Насимова дар маросими эътои тӯҳфа аз сафорати Амрико намояндагӣ кардаанд.Ҷаноби Гросс дар зимни чорабинӣ гуфт, вақте ки мо хабардор шудем, ки ятимхонаи раками 1-и шаҳри Душанбе яхдони бистсоларо истифода мебарад, мо ҳамон замон ба ҷустуҷӯи роҳҳои иваз намудани он оғоз кардем. Вазорати дифои ИМА тариқи барномаи кӯмаки башардӯстонаи шӯъбаи ҳамкории низомии сафорат як адад яхдони нав, оташдон, 3 адад телевизор ва 4 адад гардгиракро тақдим намуд. Ин пружа ба расонидани кӯмак ба табақаи ниёзманди ҷомеа таваҷҷӯҳи хоса медиҳад.{jathumbnail off}
Мӯҳр