Оғози сохтмони се корхона бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 24 апрел дар ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи Данғара, ки минтақаи озоди иқтисодӣ ба ҳисоб меравад, ба сохтмони се корхонаи азими саноатӣ оғоз бахшидааст.
Тибқи иттилои дафтраи матбуотии раисиҷумҳури Тоҷикистон, корхонаҳои истеҳсоли семент, шиша ва сафол (кафел) бо харҷи беш аз 1 миллиарду 600 миллион сомонӣ сармояи муштараки соҳибкорони Тоҷикистону Чин бунёд хоҳад ёфт.
Ба иттилои манбаъ, танҳо дар вақти сохтмони ин корхонаҳо наздики 1200 бинокори ватанӣ бо кори муваққатӣ таъмин гардида, пас аз ба кор даромадани онҳо, қариб 2 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон соҳиби ҷои кори доимӣ мегарданд: “Корхонаи семент дорои иқтидори солонаи 1 миллиону 600 ҳазор тонна, корхонаи сафол ё кафел 3 миллион метри мураббаъ ва корхонаи шиша наздики 2 миллион тонна маҳсулот мебошад”.
Дафтраи матбуотии раисиҷумҳур мегӯяд, чунин иқтидори истеҳсолӣ, хусусан дар бахши тавлиди семент, бо назардошти имконоти дигар корхонаҳои ин соҳа, имкон медиҳад, Тоҷикистон аз воридкунанда ба содиркунандаи ин маҳсулот табдил ёбад. Ба иттилои манбаъ, ҳарсе корхона давоми 1,5 соли оянда ба кор дароварда хоҳанд шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |