Даъвати шаҳрдорӣ аз сокинони пойтахт барои интихоби рамзи “Ваҳдати миллӣ” (АКС)
Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе тасмим гирифтааст, дар пойтахт рамзи Ваҳдати миллиро бунёд кунад.
Ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, ҳоло 5 лоиҳаи гуногуни ин рамз ба сокинони пойтахт пешниҳод гардидааст, то якеро интихоб кунанд. Манбаъ мегӯяд, “лоиҳаҳои мазкур тибқи муқаррарот ва дархости шаҳрдорӣ аз ҷониби беҳтарин мутахассисони соҳа ва зиёиёни саршиноси кишвар таҳия гардида, баҳри ба шаҳри зебоманзару дилписанди сайёра мубаддал гардонидани шаҳрамон нигаронида шудаанд”.
Шаҳрдории Душанбе аз тамоми сокинони пойтахт даъват кардааст, дар интихоби рамзи беҳтарини "Ваҳдати миллӣ", ки дар боғи фарҳангу фароғатии Дӯстии халқҳо гузошта хоҳад шуд, иштироки фаъолона намоянд. Назарпурсии шаҳрдорӣ дар мавриди интихоби рамзи беҳтарини “Ваҳдати миллӣ” дар сомонаи расмии ин ниҳод - www.dushanbe.tj аз 23 то 30 апрели соли равон идома хоҳад ёфт.
Акси рамзҳои пешниҳодӣ:
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |