Бахшҳо

ВКД: Нафаре, ки тоҷири ришдорро боздошт кард, милиса нест (ВИДЕО)

Масъулини Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо нашри раддияе ба матлаби “Озодагон”, ки таҳти унвони “Ришҳота қоқоқоқ метарошам...Киай шӯйи ин ҳиҷобдор?” чоп шуда буд, посух гуфтаанд.

Дар раддияи вазорат, ки торнамои расмии он нашр кардааст, гуфта мешавад, навори матлаби “Озодагон” аз саҳифаи сохтае ба интернет роҳ ёфта, ҳадаф аз он поин бурдани обрӯи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи тоҷик мебошад: “Омӯзиш нишон дод, ки навори номбаршудаи видеоии шабакаи иҷтимоии “Ютуб”, аз ҷониби шахсе бо номи “Тоҷикон”, ки аслан бо чунин ном дар Тоҷикистон ягон нафар шаҳрванд зиндагӣ намекунад, гузошта шудааст. Ворид шудан ба саҳифаи фейсбукии “Тоҷикон” нишон дод, ки ин саҳифа бо мақсади иғво андохтан ва паст намудани обрӯ ва нуфузи мақомотҳои давлатӣ таъсис дода шудааст”.

Масъулини вазорат дар мавриди боздошт ва зуроварӣ алайҳи тоҷири ришдор дар баҳсе, ки маъмурини пулис низ ҳузур доранд, изҳор доштаанд: “Зимни тамошои навор нафари дастрасшаванда на аз ҷониби кормандони милитсия, балки аз ҷониби нафари айнакдоре, ки либоси шаҳрвандӣ, куртаи ранги сабзи хатҳои чоркунҷадор дар тан дорад, ба як тараф кашола карда мешавад”.

Навори видеоии “Ришҳота қоқоқоқ метарошам...Киай шӯйи ин ҳиҷобдор?” рӯзи 19 апрели соли равон аз сӯи корбаре ба ном “Сафаров Сафар” ба саҳифаи Ютуб роҳ ёфтааст. Дар раддияи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар ҳоле аз он ҳамчун омили пастзанандаи обурӯи маъмурини пулис ном гирифта шудааст, ки дар он зуроварӣ алайҳи як тоҷири ришдор аз сӯи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба навор гирифта шудааст. Тавре мушоҳида мешавад, як гуруҳи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо тоҷири ришдор дар мавриди ришу ҳиҷоб, ки маъмурини пулис низ ҳузур доранд, баҳс карда, зӯр кор мегиранду ниҳоят тоҷирро боздошт мекунанд. Дар ин навор маъмур дар хитоб ба тоҷири ҷавон, ки риш дорад, таъкид мекунад, “ҳозир ришҳота қоқоқоқ метарошам. Гир ришата, ман дигар набинам. Мумкин нест”.

Сипас, ба занҳои ҳамроҳи савдогар, ки зоҳиран наздиконаш будаанду яке ҳиҷоб доштаасту дигаре не, хитоб карда, афзудааст, чаро ин хоҳар ҳиҷоб накардаасту ӯ дорад: “Накунад, ҳамин хелӣ. Ин мумкин нест, ин тоҷикӣ нест. Ин тоҷикай турк нест ку ё аз Арабистон”.

Тоҷири ҷавон дар посух мегӯяд, ин занҳоро шавҳарҳояшон алоҳидаанд ва якеро мумкин шавҳараш иҷозат додааст. Маъмур дар пайи ин посух мехоҳад, шахсияти мардеро муайян кунад, ки занаш ҳиҷобдор аст ва дод мезанад, “шӯйи ҳамин киай? Киай шӯйаш?”

Дар идома бо овози баланд “ин ҷо биё, ин ҷо биё”-гӯён аз гардани тоҷири ҷавон дошта, ӯро кашола карда мебарад. Зане дар навор наздикони ҷавонро ором карда, мегӯяд, ҳеч гап не, ҳозир ришашро тарошида раҳояш мекунанд.

Тавре аз навор бармеояд, ин ҳол боиси нороҳатии бархе аз ҳозирин шуда, ки мегӯянд, "ин чӣ хелӣ гап аст, ки мардумро дар ҷойи ҷамъиятӣ “издиватся” мекунанд". "Қонунай",- мегӯяд дигаре ва сеюмӣ посух медиҳад, ки "демократияаш ҳаминай баъд?"


Мӯҳр
Ман ин наворро тамошо карда будам. Фикр кардам ин мард корманди милитсия аст. Агар у корманди макомот набошад пас у кист? Фикр мекунам ин мард касе набошад тартиботи чамъиятиро вайрон кардааст. Бояд шахсияташ маълум карда шавад. Аз бардарони макомоти милитсия хохиш дорам,ки ин казияро равшантар шарх диханд ва маълум кунанд ки ин мард чаро ба ин кор даст задааст. Мохам намехохем,ки касе дар Точикистон бо чунин наворхо фтинаангези кунад.Барори кор

Шохиди вокеъа
Он мард милиса буд аслан ин вкд ягон корашро ба гардан намегирад ин вокеъа якбору як бору дар якчо нашудааст дар тамоми чумхури шуда истодааст!

умар
Инхо шармнадошта мегуянд навр бардор гунахгораст у айбхойи макомотро ифшо кардааст агар ин марди болибоси шахрванди аз макомотнест пасчаро милисахо уро дастгир намекунанд дарпеши онхо хукуки шахрвандонро поймолкарданд е инхам тухматаст?

сино
Пас милиса набошад ҷосус аст дар байни халқ бо ин рафтораш иғво меандозад.Вале мо медонем ки корманди мақомот аст .Хайр ин одамсурату ҳайвонсириштро пайдо кунед рафта аз ҷавон ва халқ узр пурсад.

Samad
ВКД Шумо як гуе ки рост боша чи хел ин мард корманди шумо нест пас ин мард корманди Китобхонаи милли бошад хмм

Ман дар ин вазорати умури дохила хайронам,Шумода фаркаш чи ки банавор гирифтай.Шумо гунахгорро муаян кунед. Ё ки гунахкор хамкораст!?

Точик
ХАНДАОВАР АСТ ВОЕИАН .. чихел аку милиса набудасту неки чанто милиса дар хизматуш будаст . дар бараш истода хап мекардиян ? киро мехоханд фиреб диханд ? ба гуфти рахматии бобим дар болои ахлот капишон меган мо набудем. мо накардем . Хандаовар аст вокиан .ШАРМАНДАГИ - АФСУС


Ман дар ин вазорати умури дохила хайронам,Шумода фаркаш чи ки банавор гирифтай.Шумо гунахгорро муаян кунед. Ё ки гунахкор хамкораст!?


Боз макомот бо хатои худаш икрор намешавад.Агар шумо нестед магар ки хаст?конуна шумо баровардед на халк ва бар зидди озодихои халк.

холид
Агар милитсия набошад бо чунин корхояш чаро милитсияхои дар наздаш буда дастгираш накардан?

мухочир
Агар ин мард корманди милитсия набошад, пас боз хам паст будани фаъолияти кормандони макомоти умури дохиларо баён месозад. Хамзамон нишон медихад, ки "амнияти миллии Точикистон" наметавонад амнияти кишварро пурра бар ухда дошта бошад ва ин як бемасъулиятист, ки хар ки мехохад имруз метавонад хама корро ба шахрванди кишвар амали намояд. Боз ВКД шарм надошта баён медорад, ки у корманди милится нест... Агар дар хакикат чунин аст, пас саду 100 - 0 сифр шуморо гол задаанд.

Хайф ки шумо дар ин сомона ин тавр менависед. Аз ин бармеояд, ки агар пагох афгонхо ва рузи дигар хитоихо дароянд хамаатон хохаронатонро бурда ба онхо бо либосхои хитоию афгони медихед. Бахшиш. Лекин буз хам риш дорад. Аз риш чи фоида хаст ки ин кадар бахс мекунед.
Хохишмандам Озодагон чоп намоед.

тоҷик
Хабиб,
эҳеее хабар надори ??? ябор прсда хитоиву авғон аз мо ҳиҷобдорора бинан ҷурат наменан гап тиян(магар аз гуруҳи шумо бошану ҳиҷобро барои бадном кардан ҳамроҳ бо ороиш пушида бошан) аммо аз шумора ки мебинан ови даҳашу мерезе меган синсунса ватчи нвасху (яъне да рони пот як милиард хитоира бкша)

Ин шармандагияй АЗ тарафи кормандони макомат,ба мардум бо муомила гап намезанан ба зури гап мезанан.

Сафар
Суол ба масъулини ВКД. Пас модомеки ин наворо сохтаву бофта мехисобед он шарвандонеки аз Хучанду Хатлон борхо расонахода аз рафтори нохуби кормандони гуйё хифзи хукук ва тарошидани раишашон шикоят карданд чаро харфе назадед? Рости хаминхел идома ёфтангирад мардум намедонад додаша ба ки гуяд! шарм кунед ва дар сиёсат худатон халал нарасонед!.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)