Ҳаҷи умра ва зиёрати қабри паёмбар (с) аз сӯйи бибии Барак Обама
Соро Умар, бибии Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, ки 90 сол дорад, барои дувумин бор ба хотири анҷоми маросими ҳаҷи умра вориди Макка шуда, ҳамчунин қабри ҳазрати паёмбар (с)-ро зиёрат кардааст.
Ба навиштаи расонаҳои хабарии ҷаҳонӣ, хонум Соро ҳамроҳ бо писараш – Сайид ва наберааш -- Мусо ба Маккаи мукаррама сафар кардааст. Гуфта мешавад, аснои ин сафар ӯ аз намоишгоҳи “Паёмбари Ислом (с)” дидан кардааст. “Баргузории намоишгоҳ, ки бо номи паёмбари Ислом (с) аст, омузаҳои исломиро мунъакис мекунад ва нишондиҳандаи дурии Ислом аз хушунат ва ифротгароӣ аст”,-овардаанд расонаҳо аз қавли Соро Умар.
Модарбузурги Обама дар паёми кутоҳе аз мақомоти Саудӣ хостааст, чунин намоишгоҳро дар дигар кишварҳо низ баргузор кунанд, то мардуми дунё аз фаҳми нодуруст нисбат ба дини Ислом даст бикашанд.
Соро Умар, бибии Барак Обама, аҳли Кения буда, нахустин маротиба соли 1988 ба зиёрати хонаи Худо мушарраф шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |