Паёми шахсии вазири умури хориҷии Эрон ба Сироҷиддин Аслов
Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ, сафири Эрон дар шаҳри Душанбе мулоқот кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии кишвар, ин вохурӣ бо дархости сафири Эрон рӯзи 23 апрел дар Душанбе баргузор шудааст. Манбаъ мегӯяд, дар ин дидор Фағонӣ ба Аслов паёми шахсии Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эронро расонидааст.
Инчунин дар рафти суҳбат масъалаҳои ҳамкории амалӣ ва тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаҳои мухталиф баррасӣ шуда,дар робита ба масоили мубрами минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, аз ҷумла таҳкими ҳамкориҳо дар самти мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ табодули назар сурат гирифтааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |