Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо шоҳи Арабистони Саудӣ
Шарифӣ Азамшо Латифзод, сафири нави Тоҷикистон дар шаҳри Риёз Эътимодномаи худро ба Салмон ибни Абдулазиз, шоҳи Арабистони Саудӣ тақдим кардааст.
Ба иттилои расонаҳои хабарии саудӣ, маросими супоридани Эътимоднома дар ҳошияи мулоқоти Салмон ибни Абдулазиз бо сафирони нави 22 кишвари хориҷӣ рӯзи 22 апрели соли равон дар Кохи Ямома сурат гирифтааст. Дар баробари Латифзод сафирони нави Қирғизистон, Тунис, Украина, Покистон, Албания, Беларусия, Австралия, Маҷористон, Ҷопон, Швейтсария, Словения, Бангладеш, Ирландия ва кишварҳои дигар низ эътимодномаҳои худро ба шоҳи Арабистони Саудӣ таслим кардаанд.
Шарифӣ Азамшо Латифзод, ки ба ҳайси корманди раёсати робитаҳои хориҷии дастгоҳи иҷроии президенти Тоҷикистон кор мекард, моҳи ноябри соли гузашта бо дастури Эмомалӣ Раҳмон сафири нави кишвар дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ таъйин гардид. Ӯ дар ин мақом Абдулло Юлдошевро иваз кард, ки бознишаста шуд.
ШАРҲИ ҲОЛ
Шарифӣ Азамшо Латифзод 12 майи соли 1958 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Соли 1980 шӯъбаи арабшиносии факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии ба номи А. Жданови шаҳри Ленинград (ҳозира Санкт-Петербург)-и Федератсияи Россия, соли 2001 курсҳои дипломатии кӯтоҳмӯҳлати Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мисри Араб-ро хатм кардааст. Забонҳои русӣ, арабӣ ва англисиро медонад.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1980 ҳамчун тарҷумони забони арабии Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС дар Ҷумҳурии Халқии Демократии Яман оғоз намуда, солҳои 1983 - 1986 дар Китобхонаи илмии марказии Академияи илмҳои Тоҷикистон ба ҳайси китобшинос, китобшиноси калон ва мудири бахши толори иттилоотӣ ифои вазифа намудааст. Аз соли 1986 то ниҳояти соли 1990 - сартарҷумони гурӯҳи мушовирони Шӯрои Вазирон ва сипас тарҷумон-референти Иттиҳодияи "Зарубежгеология" дар Ҷумҳурии Халқии Демократии Яман.
Пас аз бозгашт ба Ватан ба дастгоҳи Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон ва Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор пазируфта шуда, солҳои 1991 - 1993 дар вазифаҳои мутахассиси пешбар ва сармутахассиси Шӯъбаи иттилоот ва тарҷума кор кардааст. Фаъолияти кориашро дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи ноябри соли 1993 оғоз карда, то соли 2000-ум ба ҳайси котиби сеюм, котиби дуюм ва котиби якуми Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон идома додааст. Солҳои 2000 - 2004 - котиби якум ва сардори Раёсати кишварҳои ИДМ дар Вазорати корҳои хориҷӣ, солҳои 2004 - 2008 - мушовир - фиристодаи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қазоқистон.
Соли 2008 мушовири президенти Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа таъин гардида, солҳои 2010 - 2011 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси Сафир оид ба супоришҳои махсус кор кардааст. Соли 2011 мушовири президент оид ба сиёсати хориҷӣ ва соли 2013 мудири Шӯъбаи робита бо кишварҳои хориҷии Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон таъин шуда, ифои вазифа намудааст. Бинобар таҷдиди сохтори Дастгоҳи иҷроияи президент бо амри райисиҷумҳур аз 22 январи соли 2014 сардори Раёсати робитаҳои хориҷии Дастгоҳи иҷроияи президент таъин гардид.
Рутбаи дипломатии Мушовири дараҷаи якум ва рутбаи тахассусии Мушовири давлатии дараҷаи 2-ро дорад. Оиладор, падари 3 фарзанд мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |